arzon replenishment
Ифтитоҳи бинои иловагии Колеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат
25.10.2023
Mirsaid
210

 

Бинои нави иловагии таълимии  «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат»-ро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин бинои таълимӣ иборат аз таҳхона ва 4 ошёна буда, бо намоӣ муосир 25 синфхона, аз ҷумла 7 толори барҳавои лексионӣ  ва 10 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорону кормандон мебошад, ки бо мизу курсӣ, аёнияти таълимӣ ва таҷҳизоти муосир, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз шуда, барои таҳсили 1300 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Дар айни замон дар «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» 2 ҳазору 424 донишҷӯ таҳсил мекунад.

Мутахассисони маълумоти миёнаи тиб аз рӯи 7 ихтисос, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, кори тиббӣ — ташхисӣ, кори тиббӣ-офиятӣ,  кори момодоягӣ ва тиббӣ-профилактикӣ омода мешаванд.

Муассисаи таълимӣ дорои 1 бинои таълимӣ, 4 озмоишгоҳ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанҳои кори ҳамширагӣ, анатомия, химия, микробиология ва физика, 82 кабинети таълимӣ, 5 кабинети компютерӣ, як китобхона бо қироатхона ва зиёда аз 50 ҷои нишаст, як Маркази тестии замонавӣ бо зиёда аз 100 ҷои нишаст ва як майдончаи варзишӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД