goodwell
Иқдоми инсондӯстонаи ду ғолиби “Мисс Душанбе”  
17.05.2026
Oila.tj
67

Пас аз офати табиие, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Кӯлоб рух дода, ба даҳҳо оила хисороти ҷиддӣ расонд, маъракаҳои хайриявӣ барои дастгирии сокинони зарардида идома доранд. Дар баробари соҳибкорон, фаъолони ҷомеа ва блогерон, ғолибони Озмуни шаҳрии “Мисс Душанбе -2026” низ ба ин иқдоми инсонпарварона ҳамроҳ шуданд.

Блогери тоҷик Мансур Нигматов, ки барои осебдидагони офати табиӣ дар Кӯлоб маъракаи ҷамъоварии маблағро роҳандозӣ кардааст, хабар дод, ки ғолиби номинатсияи “Мисс интеллект”-и озмун Субҳия Тоҳирзода ба мардуми зарардида 50 ҳазор сомонӣ кумак намудааст. Ин иқдоми ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истиқболи гарми корбарон рӯ ба рӯ шуд.

Ҳамзамон, ғолиби номинатсияи “Мисс маҳбуби дилҳо” Сумая Раҷабзода низ маблағи ҷоизаи худро, ки 100 ҳазор сомониро ташкил медод, барои харидории маводи озуқа, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ сарф кардааст. Ба иттилои манбаъҳо, ин кумакҳо мустақиман ба оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб расонида шудаанд.

Ин иқдоми духтарони ҷавон дар ҳолест, ки пас аз офати табиӣ дар Кӯлоб даҳҳо хона зарар дида, бисёре аз сокинон ба кумакҳои фаврӣ ниёз пайдо карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ маъракаҳои гуногуни ҷамъоварии маблағ идома дошта, фаъолони ҷомеа мардумро ба ҳамдиливу дастгирии осебдидагон даъват мекунанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ иқдоми ғолибони “Мисс Душанбе”-ро намунаи масъулияти иҷтимоӣ ва инсондӯстии ҷавонони тоҷик арзёбӣ намуда, навиштаанд, ки чунин амалҳо метавонад барои дигарон низ ангезаи некукорӣ гардад.

Чанд рӯз пеш дар пойтахт Озмуни шаҳрии Мисс Душанбе – 2026 ҷамъбаст гардид. Дар он ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои “Мисс Душанбе”, “Мисс маҳбуби дилҳо” ва “Мисс интеллект” муайян шуданд. Аммо ба назар мерасад, ки баъзе аз иштирокчиён баъди анҷоми озмун на танҳо бо унвону ҷоиза, балки бо амалҳои хайрхоҳонаашон низ дар хотири мардум мемонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД