Амалиёт дар бозори арӯс имрӯз ба тиҷорати даромадноки занҳои рус ва муҳоҷирони хориҷӣ табдил ёфтааст. Издивоҷи як зани петербургӣ бо шаҳрванди Тоҷикистон ҳафтаи равон тавассути додгоҳ бекор карда шуд. Ин зан аз он шикоят кард, ки ба шавҳараш танҳо мӯҳр дар сабти шиносномааш лозим будааст ва маҳз ба ҳамин хотир ӯро ба занӣ гирифтааст.
Оиладорӣ ба хотири мӯҳр
Прокуратураи ноҳияи Москави шаҳри Санкт – Петербург тавонист, ки никоҳи бардурӯғ байни як шаҳрванди Тоҷикистон ва як сокини маҳаллиро ошкор ва беэътибор намояд. Санҷиш аз рӯи далеле шурӯ шуд, ки зодаи Тоҷикистон бо нияти ба даст овардани шаҳрвандӣ бо як зани маҳаллӣ никоҳ кардааст. Прокуратура зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ӯ ба издивоҷи онҳо шубҳа карда, тафтишот оғоз кард.
Пас аз боздид аз дафтари сабти ном мақомот таваҷҷӯҳи занро ба парвандаи шавҳараш ҷалб кард ва ӯ дар ниҳояти кор иқрор шуд, ки Ромеои тоҷик муносибат бо зани петербургиро танҳо барои ҳалли мушкилоташ бо хадамоти муҳоҷират тарҳрезӣ кардааст. Ӯ ба хотири ба даст овардани мӯҳр дар шиносномааш ва гирифтани иҷозат барои истиқомати муваққатӣ (RVP) ва шаҳрвандии Федератсияи Русияро бо ин зан хонадор шудааст.
Прокуратураи шаҳри Санкт - Петербург дар шарҳи ин қазия гуфт, ки баъди ошкор шудани тақаллуб дар издивоҷ ин мард пурра аз тартиби соддакардашудаи дохил шудан ба шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуд.
Тарки одат – амри маҳол
Ин бори аввал нест, ки прокуратура ин гуна қонуншиканиро ошкор мекунад. Аммо на ҳама вақт нияти ғайриқонунӣ оиладор шудан аз худи муҳоҷирон бармеояд. Масалан, дар моҳи феврал, нисбат ба як зане, ки бо чанд марди хориҷӣ издивоҷҳои қалбакӣ кардааст, парванда кушода шуд.
"Санҷиш далели издивоҷи бардурӯғ оид ба пардохти музди меҳнат байни шаҳрванди Федератсияи Россия С. М. ва шаҳрванди кишвари хориҷӣ Т. М. муайян кард, ки дар асоси ҳуҷҷатҳояш ба ӯ бидуни назардошти квота иҷозати зисти муваққатӣ дода шудааст", - омадааст дар хабари сомонаи Прокуратураи шаҳри Санкт-Петербург. Прокуратура баъди ошкор намудани ин кирдори тақаллубӣ издивоҷи шаҳрвандони Русияро бо зода ва шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тафтиш мекунад. Давоми шаш моҳи соли 2020 аллакай шаш ҳолати издивоҷи ғайриқонунӣ ошкор ва қатъ шудааст.
Баъди ин ошкоркуниҳои прокуратура издивоҷҳои бардурӯғ дар минтақаҳо ба таври мунтазам ошкор шуда истодаанд. Масалан, дар ноҳияи Вешкаймскийи вилояти Уляновск кормандони мақомоти назоратӣ ақди никоҳеро, ки соли 2014 байни як сокини деҳаи Ермоловкаи ин ноҳия ва шаҳрванди Узбекистон баста шуда буд, бо далели ғайриқонунӣ будан бекор карданд. Санҷиш нишон дод, ки мақсади ягонаи бақайдгирии ақди никоҳи онҳо осон кардани тартиби гирифтани шаҳрвандии Русия барои домод мебошад. Инчунин, дар ҳамин деҳа прокуратура боз як издивоҷи тақаллубиро фош кард ва ин дафъа бо як сокини кишвари Озарбойҷон, ки он ҳам ба хотири ба даст овардани шаҳрвандӣ баста шудааст.
Омори Прокуратураи вилояти Уляновск дар се соли охир чанд издивоҷи бардурӯғро бо шаҳрвандони Ветнам, Тоҷикистон ва Арманистон нишон дод. Ҳамаи издивоҷҳо аз рӯи як тарҳ амалӣ карда шудаанд: онҳо ба шаҳодатномаи ақди никоҳ имзо карданд, вале дар бораи ҳамдигар чизе намедонанд, кӯдакон аз онҳо нестанд ва ҳатто хоҷагии муштарак ҳам надоранд.
Мубориза барои шаҳрвандӣ
Роҳ барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия хеле дароз ва мураккаб аст. Аз ин рӯ, муҳоҷирон бо истифода аз ҳар гуна ҳиллаҳо ба хотири кам кардани давраи "гузариш" мехоҳанд тезтар шаҳрвандӣ гиранд. Дар ҳоли ҳозир як шаҳрванди хориҷӣ дар Русия якчанд роҳҳои бо роҳи қаллобӣ “қонунӣ кардан” - и қонунро истифода мекунад.
Аз ҳама маъмул истифодаи квота аст. Барои гирифтани шаҳрвандӣ нафари хориҷӣ аввал иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ (РВП) - ро дар Русия мегирад, ки барои ин ӯ бояд ариза бо заммимаи ҳуҷҷатҳо пешниҳод кунад. Илова бар ин, довталаб барои РВП бояд аз муоинаи тиббӣ гузарад. Оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия имтиҳон супорад ва боҷи давлатиро пардохт кунад. Баъд аз ин, қарор қабул карда мешавад, ки ба ин шаҳрванди кишвари дигар квота додан мумкин аст ё не.
Пас аз як соли истиқомати доимӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, муҳоҷир (агар ӯ шаш моҳ пай дар пай дар Русия набошад) иҷозатномаи истиқомат (иҷозати зист) мегирад. Танҳо панҷ сол баъд аз ин (мутаносибан шаш сол пас аз гирифтани РВП) шахс метавонад шаҳрвандии Русияро ба даст орад. Дар ҳолатҳои махсус, ин мӯҳлатро як сол кам кардан мумкин аст.
Тартиби соддакардашуда барои шаҳрвандони хориҷие пешбинӣ шудааст, ки бо шаҳрванди Федератсияи Россия издивоҷ намудаанд ва бо ӯ на камтар аз се сол зиндагӣ кардаанд. Ҳолатҳои зуд - зуд сӯистифода аз ин тартиб ҳукумати ин кишварро маҷбур мекард, ки қонун дар бораи мубориза бо издивоҷи бардурӯғро қабул кунад.
Ҳамин тавр, баъди пойфишориҳои зиёди вакилони Думаи давлатӣ қонун шаҳрванди хориҷиеро, ки бо зани рус издивоҷ кардааст, вазифадор намуд, то бо ҳамсараш дар як минтақа давоми на камтар аз 3 сол зиндагӣ кунад. Риояи ин шарт аз тарафи шаҳрвандон санҷида мешавад. Дар ҳолати ихтилоф дархости шаҳрванди хориҷӣ барои ба даст овардани шаҳрвандии кишвари рус метавонад рад карда шавад.
Рад ё қатъи шаҳрвандӣ
Бояд гуфт, ки издивоҷ то дами эътибор доштан дар назди зану мард як қатор ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳоро мегузорад. Аз ҷумла, ҳуқуқ ба мерос, ҳуқуқи гирифтани ҳамсари дуюм дар ҳолати бемории зани якум ва ғайра. Як коршиноси рус чанд ҳафта қабл дар суҳбат бо нашрияи “Известия” гуфта буд, ки бо вуҷуди зиёд ошкор шудани издивоҷи бардурӯғ байни зани русу шаҳрванди хориҷӣ то кунун дар Русия ҷавобгарии ҷиддии маъмурӣ дар ин самт вуҷуд надорад. “Ҳеҷ як мақоми махсусе нест, ки ин масъаларо назорат кунад, аммо Прокуратураи Федератсияи Русия ҳуқуқ дорад бо дархости суд чунин издивоҷро бардурӯғ эътироф кунад. Аксари шаҳрванди Федератсияи Россия розианд, ки дар чунин як амалиёти тақаллубӣ шарик шаванд, аммо пас аз ба миён омадани мушкилот ё даъвоҳои ҳуқуқии ғайричашмдошт даррав ба додгоҳ муроҷиат мекунад”, - гуфт Вячеслав Поставнин, роҳбари Маркази таҳқиқоти ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ дар Авруосиё.
Бояд гуфт, ки пас аз эътирофи қаллобӣ будани издивоҷ ва эълони беэътибор донистани он шаҳрванди хориҷӣ, ки дар асоси чунин издивоҷ шаҳрвандии Федератсияи Россияро қабул кардааст, аз шаҳрвандӣ маҳрум мегардад. “Баъдан, эътироз ба чунин қарор аз ҷониби муҳоҷир ё шаҳрванди хориҷӣ беасос буда, баррасӣ намешавад”, - гуфт ин коршиноси сатҳи байналхалқӣ.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар баъзе ҳолатҳо никоҳи бардурӯғ бо бақайдгирӣ дар ҷои истиқомати минаъда ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ маънидод карда мешавад, ки ин ҷавобгарии ҷиноятиро пеш меорад.
Туҳфа ба хотири никоҳ
Ба гуфти Поставнин шумораи зиёди одамон мехоҳанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд, алахусус муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ. “Арзиши чунин хизматрасонӣ ба ҳисоби миёна 100 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Азбаски ин мақом на ҳамаро бо шароити арзанда дар ин қаламрав таъмин мекунад, бисёриҳо ба чунин қарордод розӣ нестанд ва роҳҳои дигари гирифтани шаҳрвандиро мекобанд", - гуфт ӯ.
Аксари муҳоҷирон бо роҳи воситабозӣ зан мегиранд. Миллати ҳамсарашон бояд ҳатман рус бошад. Аксари русдухтарон ҳам ба хотири гирифтани шаҳрвандӣ ба муҳоҷирон кӯмаки сахт мекунанд, яъне бар ивази маблағи калон бо онҳо хонадор мешаванд ва баъди ба даст овардани мақоми шаҳрвандии шавҳараш ҷудо мешаванд. Ин тавр як зани рус метавонад то охири умр чанд шавҳар дошта бошад. Аксарият хона, мошин, маблағ, сайрҳои хориҷӣ ё васоити дигарро бар ивази зани муҳоҷир шудан талаб менамоянд ва баъди ҷудо шудан онҳоро қонунан ба номи худ мегузаронанд.
Бояд зикр кард, ки солҳои 90 - ум масъалаи гирифтани шаҳрвандӣ дар Русия он қадар шадид набуд. То соли 1992 русҳои этникӣ, ки дар кишварҳои ИДМ зиндагӣ мекарданд ва мехостанд ба ватани таърихии худ кӯч банданд, ба таври озод шаҳрвандӣ мегирифтанд. Аммо дертар ин раванд барҳам хӯрд ва акнун кори онҳоро душвор кард. “Издивоҷи бардурӯғи муҳоҷирон як мушкили умумиҷаҳонӣ аст. Бисёр кишварҳо иқдоми муқовимат бо ин равандро таҳия кардаанд. Масалан, дар Испания қабл аз дархости шаҳрвандӣ, мусоҳибаи махсус баргузор карда мешавад, то фаҳманд, ки ҳамсарон якдигарро хуб медонанд. Ин суҳбат ва назарсанҷӣ имкон медиҳад, то муайян созанд, ки издивоҷи шаҳрванди хориҷӣ бо духтари испанӣ қалбакӣ ҳаст ё ҳақиқӣ. Лекин дар Русия чунин механизмҳо амалан вуҷуд надоранд ва сохторе ҳам барои муайян кардани никоҳи бардурӯғ фаъолият намекунад. Дар ин вазъ, ниҳоде лозим аст, ки ин гуна далелҳоро фош кунад”, - гуфт роҳбари Маркази таҳқиқоти ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ дар Авруосиё.
Воқеан, мушкилии мазкур боиси нигаронии ҳам муҳоҷирон ва ҳам мақомдорон гаштааст. Никоҳи бардурӯғ ва ғайриқонунӣ аз ҷониби муҳоҷирон бо духтарони рус аксар вақт боиси ихтилофи зиёди оилавию ҳуқуқӣ буда, баҳси он гоҳҳо то додгоҳ меравад ва ба ихроҷи муҳоҷир аз қаламрави Федератсияи Русия хотима меёбад.