Омад хабар зи Маскав,
Аз фатҳу нусрати нав,
Халқи далер бишнав!
Ин хушхабар муборак!
Иди зафар муборак!
Фашизм зери по шуд,
Таслими дасти мо шуд,
Бунёди ӯ фано шуд.
Ин хушхабар муборак!
Иди зафар муборак!
Имрӯз халқи кишвар,
Марду зани диловар,
Ҳар як сухан кунад сар,
Гӯяд: - Зафар муборак!
Бахти башар муборак!
Эй кишвари кабирам,
Ҳам лашкари далерам,
Сарбози беназирам,
Ин хушхабар муборак!
Иди зафар муборак!
Мақсуд гашта ҳосил,
Аз мост фатҳи комил,
Гӯяд ба гӯш ҳар дил:
Иди Зафар муборак!
Бахти башар муборак!
Имрӯз шӯҳрати мо,
Овоза шуд ба дунё,
Гӯянд пиру барно:
Иди Зафар муборак!
Бахти башар муборак!
Дар шохи сарву сунбул,
Хонад суруд булбул,
Гӯяд ба ханда бо гул:
Иди Зафар муборак!
Бахти башар муборак!
Эй халқи меҳрубонам,
Урдуи қаҳрамонам,
Васфи туро бихонам,
Гӯям: - Зафар муборак!
Бахти башар муборак!