Меҳрнома аз номи ҳамсару фарзандон ба ҷонишини комиссари ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд, подполковник Сироҷиддинзода Хуҷаҷон
Биё, эй ҳамватан, то ҷонфидои ин Ватан бошем,
Ба ҷон омодаи амру нидои ин Ватан бошем.
Канораш гарму роҳатбахш чун домони модарҳост,
Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.
Ҳамсари беҳтарин, падари меҳрубон, бобои ғамхор, подполковник, ҷонишини комиссари ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд Сироҷиддинзода Хуҷаҷон, шуморо мо - ҳамсаратон, писаронатон Ромишбек, Довудҷон, Абдулло ва духтаронатон бахшида ба 23-юми феврал - Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба шумо саломативу сарбаландӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ орзу дорем.
Дар ҳақиқат шумо марди ватандӯсту меҳанпараст ҳастед, ки тӯли 20 сол боз дар хизмати халқи азизед. Дар баробари ин, дар зиндагии мо низ қаҳрамон ҳастед. Ин ҳама меҳрубониву ғамхориҳои шумо буд, ки мо як оилаи меҳрубону намунавӣ дар ҷомеа бунёд кардем. Шумо дар ҳама пастиву баландиҳои зиндагӣ дар бари мо, ҳамчун кӯҳ пуштибон будед. Тӯли зиндагиамон аз шумо танҳо ишқу муҳабббат дидем.
Мо дар зиндагӣ бо шумо мефахрем. Шумо дар баробари дар оилаи мо намунавӣ будан, ҳамзамон дасти хайр дореду ҳамеша ба ятимону дармондагон кумаки хешро дареғ намедоред.
Дар коратон муваффақият таманно намуда, орзуманди он ҳастем, ки ҳамеша соябони сари мо бошед. Бигзор ҳамеша дар Тоҷикистони азизамон сулҳу субот ва фазои орому осудагӣ бошад ва шумо ҳамеша ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат кунед.