Сомонаи Оила. ТЧ тамоми ҷавонмардони бо нангу номуси тоҷикро бо Рӯзи таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва иди пурифтихори ҷасорату мардонагӣ самимона муборакбод гуфта, барояшон сари баланд, тани сиҳат ва комёбиҳои беназирро таманно дорад.
Имсол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Артиши миллии Тоҷикистон тайи ин солҳо роҳи басо душвор, вале пурифтихорро паси сар намудааст. Новобста ба авзоъи сиёсӣ таӯйи ин солҳо аршити мо таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон торафт устувору қавӣ гашта, имрӯз бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ба пуррагӣ таъмин мебошад. Афсарону сарбозони шуҷоъи тоҷик пайи ҳифзи марзу буми кишвар мардона сина сипар намуда, сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва амнияти тамоми сокинони кишварро муҳофизат ва таъмин менамоянд.
Ҳар гоҳ, ки дар боби истиқлолият ҳамчун арзиши бузурги миллию давлатӣ сухан меронем, беихтиёр номи рукнҳои асосии он-Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, Пули миллӣ ва Артиши миллӣ ба ёд мерасад ва ба забон меояд.
Артиш дар баробари яке аз рукнҳои истиқлол буданаш масъулияти бузурги ҳифзи истиқлолияти давлатро бар дӯш дорад. Ин масъулияти бисёр сангин ва дар як вақт пурифтихор аст. Масъулияте, ки ба соҳибаш унвони баланди муҳофизи Ватан ва эҳтироми мардумро ато мекунад.
Ин ифтихорест, ки на ҳар кас ба он мушарраф гашта метавонад. Ноил гаштан ба он аз ҳар фард садоқати воқеӣ ба Ватан, муҳаббати бепоён ба миллат, виҷдони пок, дили гарм ва нияти некро тақозо мекунад.
Аз давраҳои дури таърих то имрӯз барои халқу миллати мо, хизмати ҳарбӣ шарафу номуси ватандорӣ ва қарзу фарзи ҳар ҷавонмарди худшиносу бедордил аст, бинобар ин, бори дигар тамоми ҷавонмардони бо нангу номуси тоҷик, махсусан афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро бо рӯзи идашон муборакбод гуфта, ба ҳар яки онҳо сарбаландию пирӯзӣ таманно дорем. Ид муборак, ҳомиёни Ватан!