formula feb 2025
Идгардак кардани кӯдакон манъ аст
425

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри як эълон аз тамоми падару модарон хоҳиш кардааст, ки фарзандони худро аз рафтан ба идгардак манъ намоянд.

“Тибқи банди 2-и моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастурхони камхарҷ ороста, зиёдаравӣ, исрофкорӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳо, яъне идгардак манъ аст”,- омадааст дар хабар.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз волидон хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои таътили баҳорӣ фарзандони худро ба хондани асарҳои бадеӣ ҳавасманд намуда, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ва гум шудани кӯдакон фарзандонашонро аз рафтан ба идгардак манъ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД