Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо моҳият ва аҳамияти бузурги онҳо боз ҳам бештар аён мегардад.
Яке аз чунин санаҳои фаромӯшношудани, ки барои тамоми инсоният бузург ва азиз мебошад, ин рӯзи Ғалаба бар фашизм аст.
Дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон низ иштирок намуда, барои дифоъ аз Ватан ва шарафу номуси мардуми худ мардонавор мубориза бурданд.
Аз ин миён 92 ҳазор нафар сарбозони тоҷикистонӣ дар сангари мубориза баҳри озодӣ аз фашизми хунхор ҷони худро аз даст дода, қаҳрамонона ҳалок шуданд. Корнамоиҳои он мардони ҷонфидо ҳаргиз аз ёдӣ мо нахоҳад рафт.
Донистани таърих ва ёдоварӣ аз ҷонбозиҳои падару бобоёни қаҳрамонамон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои насли имрӯз хеле муҳим аст, зеро он дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастию меҳанпарварӣ нақши бориз мебозад.
Аз ин рӯ бори дигар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро бо 78-умин солгарди ғалаба бар фашизм сидқан муборакбод намуда мегӯем: Бехуда нагуфтаанд: “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!” Қаҳрамониҳои шумо низ ҳаргиз аз хотири мо фаромӯш нахоҳад гашт! Ид муборак, бобоёни қаҳрамон!
А. Холзода