Arzon march 2024
Ибодулло Машрабов 70-сола шуд
1203

 

Имрӯз яке аз чеҳраҳои машҳури фарҳанг ва санъати тоҷик, овозхони маънисаро, ҳунарпешаи боистеъдод ва коргардони хушзавқ, устоди ҳунар Ибодулло Машрабов ҷашни милод дорад.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов ба синни мубораки 70-солагӣ расид. Ин марди сар то ба по ҳунар 1-уми апрели соли 1954 дар ноҳияи Рӯдакӣ чашм ба олами ҳастӣ во намудааст.

Ибодулло Машрабов соли 1976 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскавро бо дипломи аъло хатм намуда, фаъолияти ҳунариашро дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба ҳайси актёр оғоз намудааст.

Минбаъд солҳои 1989-1997 мавсуф дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ҳамчун актёр ва коргардон фаъолият намуда, соли 1997 саркоргардони телевизони Тоҷикистон таъин мешавад, вале азбаски театр маънии зиндагиаш гашта буд, пас аз як сол дубора ба макони орзуҳояш баргашта, солҳои 1998-2000 ба сифати актёр дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ кор мекунад.

Ибодулло Машрабов дар баробари эҷодкори асил буданаш як умр дар вазифаҳои масъул кор карда, ба халқу Ватан содиқона хизмат намудааст. Аз ҷумла солҳои 2000-2005 Ибодулло Машрабов вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2006-2015 Директори Театри Лоҳутӣ, солҳои 2015-2019 муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Новобаста ба он ки ҳамеша вазифаҳои пурмасъулиятро бар дӯш дошт, ин марди ҳунар ҳаргиз аз санъат дур нашуда, барои ҳаводорони суруду таронаҳои асил ва сухани воло зиёда аз 40 таронаи пурмаъно эҷод намуда, ҳамзамон дар намоишномаҳои театрию телевизионӣ аз қабили «Хусрав ва Ширин», «Сурӯши Сталинград», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Сӯруши зиндагӣ», «Дон Жуан», «Хонасӯзон», «Исмоили Сомонӣ», «Паёми Зардушт», «Искандари Зулқарнайн ва Спитамон», кинофилмҳои «Ашк ва шамшер», «Хоби бедорӣ», «Сароби ишқ», нгамоишномаҳои телевизионии «Пандномаи Саъдӣ», «Ворисон», «Ҷиноят ва ҷазо» даҳҳо образҳои ҷаззоб ва хотирмон офаридааст.

Ибодулло Машрабов барои хизматҳои арзандааш дар рушду нумӯъи санъати тоҷик соли 1991 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2001 бо унвони баланди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардонида шудааст. Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД