Бо мақсади ба танзим даровардани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, махсусан маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Прокуратура гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Тавре иттилоъ дода мешавад, гурӯҳи корӣ дар бозорҳои «Меҳргон», «Фаровон», «Саховат», «Ховарон» ва тамоми дӯкону марказҳои савдои хурду бузург корҳои фаҳмондадиҳиро оғоз намудааст.
Дар рӯзи якум беш аз 40 далели аз меъёри муқарраргардида гарон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гӯштӣ ошкор карда шудааст.
Нисбати нафароне, ки дидаю дониста маҳсулотро аз меъёри муайяншуда гарон мефурӯшанд, барои фиреби истеъмолкунандагон бо моддаи 627 ва барои худсарона баланд бардоштани нархи махсулот бо моддаи 555 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Дар робита ба ин масъулин тоҷиронро даъват менамоянд, ки нархи маҳсулотро худсарона баланд набардоранд. Баръакс, бо фаъолияти тиҷоратӣ барои фаровонии дастурхон ва дастрасии шаҳрвандон ба маҳсулоти хӯрокворӣ мусоидат намоянд.