Sebiston new 2024 october
ГУРГҲО БА ГОВУ МОЛИ МАРДУМ ҲУҶУМ КАРДАНД!
29.12.2020
Р. Азимӣ
3227

Тайи ду ҳафтаи охир дар пайи ҳамлаи гургҳо дар деҳоти ноҳияи Деваштич даҳҳо сар гусфанд ва дигар ҳайвоноти хонагии сокинон кушта шудаанд.

Султонназар Соҳибназаров, сокини деҳаи Даштикони ноҳия гуфт, бо сард шудани ҳарорат ҳамлаи гургҳо ба рамаи гӯсфандон бештар шудааст.

Ӯ гуфт, "се рӯз пеш, гургҳо шабона ба дохили рама даромада, панҷ гусфандро нобуд кардаанд".

Сокинони дигари ин ноҳия низ дар бораи хашми гургҳо таъкид меварзанд. Усмон як сокини деҳаи Ғазантарак дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чанде пеш дар пайи ҳамлаи гургҳо ҳудуди бист гусфанд ва ду саги як рафиқаш кушта шудаанд.

"Гургҳо одатан дар вақти сардӣ ва мавсими чилла аз кӯҳҳо ба водиҳо мефароянд. Баъзеҳо гуфтанд, ки гургҳоро ҳатто дар даштҳои наздики маҳалла дидаанд", - иброз намуд сокини ноҳияи Деваштич.

Зафарҷон Саломов, раиси ҷамъияти шикорчиёни ноҳия дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон зикр кард, ки аз ҳамлаи гургҳо ба моли мардум хабар доранд ва барои қир кардани онҳо талош мекунанд.

"Ба мо мардум расман муроҷиат накардаанд, вале баъди шунидани он, ки гургҳо дар маҳаллаҳои деҳаи Кӯчкина пайдо шудаанд, мо бо ташаббуси худ ба ин деҳа рафтем. Дарвоқеъ мо гургро дидем ва заданӣ будем, ки онро як саг гурезонд", - гуфт Саломов.

Чанде қабл ҳам сокинони ноҳияи Деваштич дар бораи куштани шудани хар ва чанд саги хонагӣ аз ашки гургҳо таъкид намуда буданд. Зимистони солҳои қаблӣ, мақомоти идораи ҷангал ва шикорчиён, барои маҳви гургҳо амалиёт роҳандозӣ карда буданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД