Вақте ки ӯ ба боғчаи кӯдакон мерафт, кӯдакони ҳамсолаш масхаракунон “ана гург омад” гӯён, механдиданд. Номи аслиаш дар шиносномааш Гургалӣ буд. Аввалҳо ба масхараи ҳамсолонаш аҳамият намедод, аммо вақти наврасӣ бисёр нороҳат мешуд аз номаш.
Боре ба модар гуфт:
- Оча, чаро маро Гургалӣ ном кардед?
- Таърихи номгузории ту дароз аст, ягон рӯз нақл мекунам.
- Чаро ҳозир нақл кардан намехоҳед?
- Аз падарат иҷозат бипурсам, “ҳа” гӯяд, нақл мекунам.
- Номамро иваз кунед, очаҷон, ман дигар ба мактаб намеравам. Ҳама маро мазоқ мекунанд.
- Мазоқкунанда худаш шайтон аст, аҳамият надеҳ, бачам. Гург ҳайвони нотарсу ҷасур аст.
- Охир, очаҷон, номи падарам Азаммат, номи худатон Сайрам, пас чаро ба ман номи ҳайвонро мондед?
- Канӣ, ин ҷо шин, ман нақл кунам.
Сайрам як пиёла чойи ширгармро нӯшиду сипас оғоз намуд:
- Он солҳое, ки ман ҳомила будам, падарат дар Помир кӯҳнавард буду мо дар як гӯшаи дураш зиндагӣ мекардем. Ҳамсояи мо бисёр ҳайвондӯст буду дар ҳавлиаш ду сагу як гургбачаи навзодро нигоҳубин мекард. Моҳи охирини ҳомиладориам буд, худам танҳо рӯйи ҳавлӣ ҷунбуҷул доштам. Ногаҳ уллоси даҳшатноки модагург, ки гургбачаашро ҳамсоя оварда буд, баланд шуд. Ман дар ҷоям карахт шудам, ин модагург барои гургбачааш омада буд. Ҷонвар ҷониби ҳавлии мо омадан гирифт, ман аз тарс бе ҳушу бе ёд афтидам.
Вақте ба худ омадам, дар таваллудхона будам. Ҳайрон ба шавҳарам нигаристаму шикамамро доштам. Чунон сӯзиш кард, ки воҳ гуфта тарсидам, охир тифли шикамам набуд.
- Натарс занак, табибон писарчаи кори калонро тавассути ҷарроҳии чоки қайсар гирифтанд. Илоҷе набуд ба ҷуз ҷарроҳӣ. Шукр, ки тифл сиҳату саломат ба дунё омад. Худат чӣ ҳол дорӣ?
- Ким чӣ хел, шабеҳи модагург пеши рӯям.
- Занак, умри дубора ёфтӣ, муборак бошад.
Модагург хостааст ба ту дарафтад, аммо гургбачааш туро наҷот додааст. Аз ин бармеояд, ки ҳайвон ҳам шуур доштааст.
- Худоё, ҳазорон бор шукр, шукри зинда будан.
- Занак, номи бачаро Гургалӣ мемонем.
- Нее...
- Баъд гап мезанем, сиҳату саломат ба хона равем.
Сайрам ашки чашмонашро пок карду гуфт:
- Ҳамин буд таърихи номгузории ту.
- Уфе, очаҷон, отама гӯед, номамро иваз кунад. Тамом, вассалом.
- Майлаш, ба падарат мегӯям.
Аммо шавҳараш якравӣ карда, “не гуфтам, не, номаш Гург мемонаду халос” гуфт.
Гургалӣ ба Донишгоҳи славянӣ дохил шуд. Ҳамааш хуб буд, ба ҷуз номаш. Ҳамин ки муаллимон аз журнал ному насабашро садо мекарданд, ҳама ҳамсабақон механдиданд.
Боре як ҳамсабақаш бо исми Ситора, ки бениҳоят зебову ороста буд, бо ханда гуфт:
- Гургалӣ, падарат туро аз куҷо ёфтааст, аз зоопарк ё ҷангал?
- Чиҳо мегӯӣ?,- шӯрид ҷавон.
- Ҳа, ҳа, ҳа, рост охир. Дар донишгоҳ ҳам Шералӣ ҳасту ҳам Гургалӣ, ҳам Табаралӣ.
- Ин ҷойи ханда надорад.
- Куштӣ аз ханда Ситораро, рафиқ Гургалӣ,- луқма партофт ҳамкурси дигарӣ.
Гургалӣ асабӣ шуд, аммо ғазабашро нигоҳ дошт.
Ҳатто муаллимон ҳангоми гирифтани номаш табассум мекарданд.
Ӯ ба Ситора ғайриихтиёр ошиқ шуд. Барояш нома фиристод, ки агар розӣ бошӣ, ба хонаатон хостгор фиристам.
Ситора номаро ба дӯстписараш аз факултаи болоӣ нишон дод. Ин ҷавони таҳамтан бо исми Вайсиддин ӯро баъди дарс ба суҳбати рӯ ба рӯ фарёд кард.
- Ту Харалӣ, чаро ба арӯси ман нома навиштӣ?
- Чӣ гуфтӣ? Харалӣ отаат!
- Оҳ бубахш, хато кардам, ту бачаи Харалӣ, номат Гургалӣ.
Гургалӣ дигар сабраш аз даст рафту ба сари ҷавон муште фаровард. Аммо ҷавон қувваи як мушти ӯро накарду ба замин фитод. Гургалӣ хам шуда, ӯро бардошт. Азбаски Вайсиддин модарзод касалии “мигрен” дошт, сарашро дошта, чизе нагуфт. Дар як дам одамон ҷамъ шуда, мошини ёрии таъҷилиро ҷеғ заданд, аммо ҷавон ҳеҷ ба худ намеомад, зарба хеле сахту тақдирсоз буд. Гургалиро падару модари ҷавон ба маҳкама кашиданд. Хуллас, ӯро аз донишгоҳ хориҷ карданд. Бар замми ин, ду сол маҳбасӣ гардид. Падар гӯсфанд кушту баъди аз маҳбас баромаданаш номи ӯро Мурод гузошт.
Баъди аз маҳбас баромадан ҷавонмард ба муҳоҷират рафт. Ба наздикӣ тӯйи домодӣ дорад. Бо сад умеду орзу мегӯяд, ки “агар дар оянда писар ё духтарчадор шавам, ба тифлонам номи зебо мемонам.
Худам бо номам бисёр азоб кашидам. Акнун худро одами солим ҳис мекунам”.
Бигзор падарону модарон дар интихоби ном оқилона рафтор намоянд. Номгузорӣ ҳам нозукиҳо дорад.
Шаҳлои НАҶМИДДИН