Formula novemver 2024
Гург дар хоб душману муш зани маккора аст?
2693

Салом! Намедонам аз чи сабаб бошад, ки вақтҳои охир тез-тез даррандаҳоро хоб мебинам. Шабе дар хобам ба ман гург ҳамла мекунад, шаби дигар рӯбоҳ ё шағолро хоб мебинам.

Мегӯянд, ки хоб дидани даррандаҳо хосияти хуб надошта аз душман доштани шахс далолат мекунад, вале то куҷо ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд, намедонам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!

Посух

Дар ҳақиқат хоб дидани даррандагонро аксари мардум васвасаи шайтон ва деву ҷину парӣ мегӯянд, вале афроди аз таъбири хоб бохабар ин андешаро рад намуда, талқин менамоянд, ки нисбати ҳайвоноти хобдидаамон бепарво набошем, зеро ин хобҳо рамзу маъниҳои хосаи худро доранд.

Дар хобномаҳо омадааст, ки гург дар хоб рамзи роҳбари золим мебошад. Хоб бинед, ки гурги гурусна ба рамаи гӯсфандон ҳамла кардааст, дар корхонаатон шахси худпараст ва бераҳмеро роҳбар таъин хоҳанд кард, ки ҳамаро қурбони нафси бади худ месозад.

Рӯбоҳро хоб дидан нишонаи во хӯрдан бо одами дурӯя ва косалес мебошад. Зоғро хоб бинед, бо марди бе дин ва худонотарс ошноӣ пайдо мекунед. Муш дар хоб ишорат ба зани нопок менамояд. Мард хоб бубинад, ки дар атрофаш муш давутоз карда истодааст бо хонуми касиф ва тардомане ошноӣ пайдо мекунад.

Мабодо муш ба бағалатон даромада бошад, ҳангоми издивоҷ намудан эҳтиёт бошед, зеро ин хоб аз он дарак медиҳад, ки арӯси ба занӣ мегирифтаатон бисёр маккору ҳилагар аст. Мор хоб бинед, кӯшиш кунед, ки худро аз нешу заҳри душмани ғаддор эмин доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД