arzon replenishment
Гурезед, ӯ КОРОНАВИРУС аст
6181

Қиссаи воқеӣ

Ҳамарӯза автобусҳои шаҳри Душанбе пур аз одам аст, новобаста ба он ки эълон намуданд “ҷойҳои ҷамъиятиро банд накунед”, зеро паҳншавии вирус бештар дар ҷойҳои серодам ба назар мерасад. Вируси наве, ки ҷаҳонро ба ларза овардааст, хушбахтона дар Тоҷикистони мо то имрӯз ба қайд гирифта нашудааст.

Баъди анҷоми дарс роҳ пеш гирифтем сӯйи хобгоҳ. Чун роҳ дароз буд, дар истгоҳ бо ҳамкурсам хеле истодем. Як автобус мерафту дигараш меомад. Баъд аз 5 дақиқа автобуси даркории мо ҳам омаду савор шудем. Дар вақти савор шудан дидам, ки чӣ гуна як бача дар назди дари якуми автобус бо камера нафаронеро, ки ба автобус дохил мешуданду кортҳои худро ба валидатор мегузоштанд, ба навор мегирифт. Нафаҳмидам чаро ӯ мардумро ба навор мегирад, чунки ман ва ҳамкурсам ба қисмати пушти автобус рафтем. Дар пушт курсии холиро дида, хурсанд шудаму зуд рафта нишастам. Аммо баробари нишастан буйи нофораме ба димоғам расид.

Ба ҳамроҳам нигоҳ кардам, ки як бачаи тақрибан 18 ё 20 - сола аст. Аз нӯги по то тори сарашро бо диққат нигоҳ кардаму ба дилам пурсидам, ки “ин қадар либосҳояш тозаанду чаро ин хел бӯйи бад мекунад?” Ин замон чашмам ба тахтапушташ афтид ва дидам, ки куртааш даридагӣ аст. Фаҳмидам, ки аз ақл камтарак бегона аст.

Тарсидам, ки боз ба ман ҳамла накунад ва оҳиста аз ҷоям хеста, аз пешаш дур шудам. Ин ҳолро дида, аксарият ба ҳолам хандиданд. Ҳайрон шудам, аммо баъд фаҳмидам, ки ба мисли ман чанд нафари дигар ҳам айнан ба ҳамин ҳол дучор шудааст. Воқеан, ҳам ӯ хеле бӯйи бад дошт. Аксарияти мусофирон ба ӯ ишора карда, ба гӯши ҳамдигар пичир - пичир мекарданд. Баъзе нишастагон ниқоб доштанд, лекин бар замми ин боз бо дасташон биниҳояшонро медоштанд. Нафароне, ки ниқоб надоштанд, бо дастрӯймолчаҳои худ рӯяшонро паноҳ мекарданд.

Акнун аз дур бодиққат назар мекардам. Дар курсии назди он бача чанд нафар нишаста, дарав мехестанд. Баъд аз 5 истгоҳ як пиразан даромад, ки ӯ ҳам ниқоб дошт. Ҷойи холиро дида, зуд нишаст. Бача ба ӯ дурудароз нигоҳ карду “хола, пагоҳ борон меборад?” - гуфт.


Ф. Мақсудзода сару садоҳои коронавирус дар Тоҷикистонро беасос номид


Суханҳояш мисли кӯдакон буд. “Ман намедонам” бо қаҳр гуфт он хола ва аз ҷояш хесту рафта дар ҷойи дигар нишаст. Хола омада дар наздикии ман нишаст. Аз фурсат истифода бурда, пурсидам, ки “Чӣ шуд?”

“Дигар намешавад, бачам”, - гуфт он хола ва ҳушаш бо телефонаш банд шуд. Баъд аз хола як духтараки дигар дар бари он бача нишаст. Духтар бо телефони мобилии худ банд шуду дигар ба чизе таваҷҷуҳ накарда, аз ҷояш нахест. Бадияш дар ин буд, ки ҳар гоҳе дарҳои автобус дар истгоҳҳо кушода мешуданд, нафарони дар назди дарбуда, аз берун нафас мегирифтанд. Ба гӯшам мерасид, ки “дар даруни автобус бӯйи баҳор аст” - гуфта механдид як духтар ва писаракро масхара мекард. Ҳамчунин, ду писари дигар низ бо ҳамдигар бо як лаҳни дурушт ҳарф мезаданд. Якеаш ба дигарӣ гуфт: “Шояд ин бача каронавирус дошта бошад. Боз ҳамаи мусофиронро заҳролуд накунад? Беҳтараш тезтар аз ин ҷо гурехтан даркор!”

Вақте дигар мусофирон инро шуниданд, тарсиданд. Нафарони бисёр баъд аз шунидани ин гап дар аввалин истгоҳ фаромаданд. Ба гапзании бачаҳо гӯш дода, аз ҳоли қаҳрамонамон бехабар мондам. Ногаҳон чашмаш ба ӯ афтод ва дидам, ки дар дасташ чизе дораду бо ӯ бозӣ мекунад. Дертар фаҳмидам, ки аз кӯдаконе, ки дар дохили автобус буданд, гирифтааст. Аммо автобуси мо ба маконӣ лозимӣ расиду мо фаромадем ва дигар нафаҳмидам, ки ҳоли он бача чӣ шуд.

Аҷиб он аст, ки коронавирус гуфта, одамон аз як бачаи беозор метарсиданд. Наход, маърифати мардуми мо то ҳамин дараҷа паст шуда бошад? Аз бало ҳазар гуфтанд, вале одамони ин шабу рӯз нисбат ба бало бештар аз одамон ҳазар доранд. Ё товба!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД