Даргириву кашмакашиҳои сиёсӣ, алангаи оташи ҷанг дар бархе аз кишварҳои олам, таъқиб, таҳдид, зӯроварӣ ва дигар хатарҳои ҷонӣ одамонро маҷбур месозанд, ки тарки Ватан, тарки ёру диёр, тарки хонаву дар намуда, рӯ ба мамолики нисбатан амну осоишта оваранд. Дар Тоҷикистон низ теъдоде аз муҳоҷирони иҷборӣ, ба ибораи дигар бигӯем, гурезаҳо ё пагоҳандагон аз Афғонистон, Эрон, Ироқ, Сурия ва мамолики дигар умр ба сар мебаранд.
Дар доираи барномаи ба саволҳои мубранми рӯз аз қабили:
- Аксари гурезаҳое, ки дар Тоҷикистон умр ба сар мебаранд, аз набудани ҷойҳои корӣ шиква мекунанд. Ин шикоятҳо то куҷо асос доранд ва барои таъмини гурезаҳо ва паноҳандагон бо ҷойи кору дарёфти манбаи даромад чи чораҳо андешида шудаанд?
- Ақидаи дигаре низ вуҷуд дорад, ки кор ҳаст, вале гурезаҳо ба он музди меҳнате, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, қонеъ нагашта, корҳои сердаромад меҷӯянд. Ин ақида то куҷо ҳақиқат дорад?
- Иддае аз гурезаҳо мегӯянд корфармоён аз ба кор гирифтани гуреза метарсанд, зеро баъдан зери фишор қарор мегиранд?
- Яке аз шартҳои асосии пайдо кардани ҷойи кори муносиб рақобатпазир будани корҷӯён аст. Мушаххасан гуфта метавонед, ки барои ба талаботҳои бозори меҳнат ҷавобгӯ гаштани гурезаҳо ва паноҳандагон чи тадбирҳо андешида шудаанд?
- Гурезаҳо ба курсҳои бозмӯзии калонсолон, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ташкил карда шудаанд, ҷалб карда мешаванд ё не? Агар ҳа, пас таҳсил дар ин курсҳо ройгон аст ё бояд маблағи муаянеро пардохт намоянд?
- Гурезаҳое, ки маълумоти олӣ доранд, оё метавонад бидуни ягон мамоният дар сохторҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ фаъолият намоянд?
- Барои ҳифзи иҷтимоии гурезагон чи тадбирҳо андешида мешаванд?
- Занҳои гурезае, ки ҳунарманд ҳастанд, маҳсули дасти эшон дар дохил ва хориҷи кишвар тарғиб карда мешавад?
- Ба гурезаҳое, ки воқеан кор кардан мехоҳанд, вале ба куҷо муроҷиат намуданашонро намедонанд, чи маслиҳат медиҳед?-посух мегиред.