Arzon march 2024
ГУНОҲИ НОБАХШИДАНӢ
4109

 

Обид панҷ маротиба оиладор шуда бошад ҳам, аз муносибати ягон ҳамсараш розӣ набуд. Ӯ бори аввал дар синни 29 солагияш хонадор шуд. Азбаски ҳамсараш барои зиндагии мустақилона омода набуд, Обид пайваста ӯро насиҳат мекарду баъзе масъалаҳои оиладориро мефаҳмонд, вале бе натиҷа буд.

Давоми 20 соли зиндагӣ онҳо натавонистанд якдигарро фаҳманд ва оқибат аз ҳам ҷудо гаштанд. Аз байн чанд вақт гузашту Обид дар тараддуди дубора хонадор шудан гашт. Ӯ зани дуюм гирифт, аммо ин дафъа низ бахташ ба қавле омад накард. Аз рӯи овозаҳо гӯё ҳамсари дуюми ин мард покизакор набуд ва бо ҳамин сабаб онҳо ҷудо шуданд. Занҳои сеюму чаҳорумаш бошанд, аз рафтору гуфтор ва хислатҳои хуби инсонӣ дур буда, ба пастию душвориҳои зиндагӣ тоб намеоварданд, аз ин рӯ, Обид маҷбур шуда, талоқи онҳоро низ дода буд. Ин дафъа мард ба хулосае омад, ки то ҳамсари муносиб пайдо накунад, хонадор намешавад.

Обид бо чор фарзанди ба ҷон пайвандаш, ки аз зани якумаш буданд, зиндагии тинҷу осуда дошт. Ҳарчанд онҳо мӯҳтоҷи навозишу меҳрубонии модар буданд, аммо модари бераҳмашон фарзандони худро ба шавҳар гузошта рафт. Ҳар бинанда ба зудӣ эҳсос мекард, ки тифлакон аз оғӯши гарми дилсӯзи модар бенасибанд. Ҳамарӯза садои нолаи онҳо ҳамсояҳоро нороҳат месохт, ҳанӯз субҳ надамида, “очаҷон” гуфтану гиря кардани чор тифли дар орзуи модар ба гӯш мерасид.

Падари ғамхор ҳоли зори фарзандонашро дида, маҷбур дар андешаи хонадор шудан гашт. Пас аз андешаҳои тӯлонӣ ба хулосае омад, ки дар ин масъала бо дӯсти наздикаш Фирӯз маслиҳат кунад. Фирӯз дар ҳақиқат ба дӯсташ кӯмак карда, барояш занеро бо номи Гулбаҳор пайдо намуд. Гулбаҳор аз Обид 12 сол хурд ва ду маротиба хонадор шуда, аз шавҳаронаш ҷудо шуда буд. Қабл аз ба ҳамсарӣ қабул кардани ин зан, Обид аз тамоми ҳамсояҳо хислату рафтори ӯро пурсон шуд, мехост сабаби аз ду шавҳар ҷудо шудани Гулбаҳорро муайян созад, аммо касе дар бораи зан гапи сахту дағал нагуфт, баръакс таърифаш мекарданд. Падараш низ назди хостгорон духтарашро таърифу тавсиф карда, таъкид мекард, ки панҷ панҷааш ҳунар аст ва ҳаргиз мард бо чунин зан хор намешавад. Аммо “Офтобро бо доман пӯшонда намешавад” гуфтани халқ ҷон доштааст. Баъдан маълум гашт, ки бо айби худи зан ду шавҳар ӯро аз хона пеш кардаанд. Гулбаҳор носкаш будааст, вале Обид бехабар аз ин одати занаш зиндагиро бо хушҳолӣ оғоз намуд.

Обид аз ҳамсараш розӣ буду назди Парвардигор шукргузорӣ мекард, ки барояш чунин занро тӯҳфа кардааст, худро марди хушбахт мешуморид, вале ин хушҳолӣ дер давом накард. Пештар Обид ҳамарӯза қариб як халтача носро танҳо мекашид ва ҳатто баъзан камӣ ҳам мекард. Рӯзе носи дар халтача будааш тамом шуду хост аз шишае, ки ҳамагӣ ду рӯз пеш пур аз нос карда буд, халтачаашро пур кунад, аммо шишаро ним пайдо намуда, ҳайрон шуд. “Ду рӯз пеш ин шиша пури нос буд, аҷиб онро кӣ кам карда бошад?Дар хона – ку ба ғайр аз ман каси дигар нос намекашад, пас ними нос куҷо шуд?”-худ ба худ савол медод мард. Ҳарчанд фикр мекард, аммо ба саволҳояш ҷавоб наёфт.

-Занак, ҳо занак?-ҷеғ зад ҳамсарашро.

-Лаббай.

-Ин ҷо биёед.

-Ҳа, мардакҷон, тинҷӣ аст?

-Носи ман канӣ?

-Кадом нос, чӣ хел нос?-ба саволҳои шавҳараш саволомез ҷавоб медод зан, аммо ранги рӯяш тағйир ёфта, даступо хӯрда буд. Пас аз саволҳои беохири шавҳар зан дигар чӣ ҷавоб доданро надониста, лаҳзае хомӯш монд.

- Ҳа, мардакҷон, дирӯз акои Амирҷон барои гирифтани пули барқ омада буд ва шишаи носро болои миз дида, илтимос намуд, ки халтачаашро пур кунад. Ман низ чизе нагуфтаму ӯ як халтачаро аз шишаи носатон пур карда, гирифта рафт,-бо дили пур ба дурӯғ гуфтан оғоз намуд зан. Охир ин нос, ҷони одам не-ку мардакҷон,- ба зорӣ даромад зан.

Обид “меҳрубонӣ”-и ҳамсарашро дида, об шуд магар, ки чизе нагуфту хомӯшона ба хонаи истироҳатиаш даромад. Аммо акнун дили зани носкаш дар ларза буд: “Агар шавҳарам фаҳмад, ки ман нос мекашам, чӣ мешуда бошад? Мани бебахт боз ҳам бебахттар мешавам. Нозири барқ имрӯз ё пагоҳ боз ба хона меояду мабодо шавҳарам пурсида монад, аҳволам чӣ мешавад? Сирам фош мегардад, ана баъд мушту лагаду нофаҳмӣ... оқибат хонавайронӣ. Бо айби кӣ? Зани носкаш. Шармандагӣ аст ин”,-андешаҳое буданд, ки пайваста дар сари Гулбаҳор чарх мезаданд.

Гулбаҳор аз фикри зиёд хобу қарорро гум карда, ба хулосае омад, ки ба хонаи акаи Амирҷон рафта, асли воқеаро фаҳмонад. Нозири барқ низ ба хотири вайрон нагаштани оилаи онҳо розӣ шуд, то дурӯғ бигӯяд, вагарна ӯ дар умраш носро ба даҳон набурда буд. Марди ҳамсоя мушкили Гулбаҳорро осон намуд. Акнун зан дигар аз носи шавҳараш намекашид, ӯ аз мағозае, ки дар наздикии хонаашон воқеъ буд, барои худ нос мехарид. Ҳар вақте зани фурӯшанда носхарии ҳамсояашро медид, ҳайрон мешуд ва рӯзе тоқаташ тоқ шуд магар, ки савол дод:

-Ҳамсоя, барои кӣ нос мехарӣ?

-Барои шавҳарам, чӣ буд?

-Шавҳарат носро бисёр мекашидааст-да.

-Нагӯ, ҳамсояҷон. Агар рӯзе носаш тамом шавад, вой бар аҳволи мо.

-Чӣ хел?

-Бо ману фарзандон ҷангу ҷанҷол бардошта, гапҳои қабеҳ мегӯяд.

-Наход, боварам намеояд, ки шавҳари ту марди дағал бошад.

Баъди каме хомӯшӣ зан суханашро идома дод:

-Дағал шавҳари ман, кораш ҳақорату гапи хубаш ҳақорат аст.

-Эй, ҳамсояҷон, хаёл мекунӣ, ки танҳо мардаки ту ҳақорат мекунад. Як маротиба ҳангоми хумори нос гирифтанаш омада, ҳамсояатро бин, девона назди ӯ ҳеҷ аст,- барои сафед кардани худ ва ошкор нагаштани носкашиаш шавҳарашро назди зани ҳамсоя бадгӯӣ мекард Гулбаҳор. Акнун ҳамарӯза “барои шавҳараш”аз мағозаи ҳамсоя нос гирифта, бар ивазаш картошка, пиёз, равған ва дигар маводи хӯрока оварда медод...

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД