Formula novemver 2024
Гуноҳатро бахшидам, янга! (ҚИСМИ 1)
1607

Пайвандони падарам ҳамагӣ сарватманду мансабдор буданд, бибию бобои падариям даҳ писару ду духтар доштанд. Ҳама амакҳоям хонадор шуда, хонаи падариро тарк намуданду бо аҳли оилаашон дар гўшаҳои гуногуни кишвар зиндагӣ мекарданд.

Дар деҳа бо бибию бобоям падари ман, ки писари хурди хонавода ва аз байни фарзандони падараш камбағалтар буд, умр ба сар мебурданд. Падарам ронанда буду шабу рўз кор мекард, боз амакҳоям ба волидонам кӯмак мекарданд ва мо зиндагии шоҳона доштем. Модари ман ҳам камбағалдухтар буд, ҳарчанд амакҳоям модарамро сахт ҳурмат мекарданд ва авсунҳояшон барояш ҳар гуна тўҳфаҳо меоварданд, аммо бибиям бо модарам он гунае муносибат намекард, ки бо дигар янгаҳоям дошт.

Ҳар шанбею якшанбе амакҳоям бо зану фарзандонашон ба деҳа меомаданд, хонаамон тўйхонаро мемонд. Модари бечораам хизматгори онҳо буд. Ба як амакам оши палав маъқул буду ба дигарӣ оши туппа, яке гӯштбирён мехосту дигарӣ шўрбо, модарам мисли моку байни ошхонаву меҳмонхона равуо мекард. Албатта янгаҳоям низ хеста, ба корҳояш ёрӣ медоданд, аммо бори асосии ин хонаи сермеҳмон бар души модараки бечораам буд. Ёд надорам, ки ў боре ба хонаи падараш рафта, шаб хобида бошад, ёд надорам, ки ў либоси нав пўшида, ба ягон маърака рафта бошад. Боз бобоям барои як кори ночиз бо овози баланд ҳақорат мекарду бибиям ҳам он қадар дўсташ намедошт.

Модарам шаш духтар ва як писар таваллуд кардаасту ба хотири таваллуди писари дуюм боз ҳомиладор мешавад. Модаркалонам ҳамеша ўро таънаву мазаммат карда, духтарзой ном мебурдаасту дилашро хун мекардааст, модари бечораам боз як писари дигар таваллуд намуда, тамғаи духтарзойро аз пешонаи худ тоза карданӣ мешавад, аммо духтари ҳафтумашро таваллуд мекунад…

Амаки панҷумам Акбаршо, ки тоҷири муваффақ буд, фарзанд надошт ва тифли серўзаи модарамро бо фармони модаркалонам ба янгаам Нигор медиҳанд. Модарам нақл мекунад, ки онҳо ба хотири фарзанддор шуданашон тўй медиҳанду хурсандӣ мекунанд ва маро духтархонд карда мегиранд.

Ман аз рўзе, ки худамро ёд дорам, ҳеҷ гоҳ муносибати хубро аз модархондам надидаам, то замони чордаҳсолагӣ бо онҳо зистаму азоби саг кашидам. Ёд дорам, янгаам ҳамеша ҳангоми оббозӣ доронданаш маро мепучид, бо собун ё бо ягон чизи дигар сахт мезад. Ростӣ, барои ҳамин одати янгаам аз оббозӣ кардан метарсидам. Дар қасри барҳавои амакам рўз надоштам, вақте калон шудам, ҳар шаб мегиристам. Ман амакамро дада ва янгаамро оя мегуфтам ва бовар доштам, ки ин зани номеҳрубон модари ман аст. Амакам маро дўст медошт ва ҳаргиз ҷангам намекард, вале медидам, ки аз занаш сахт метарсад.

БЕНАЗИР

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД