Домуллои муҳтарам. Фаҳмидан мехостам, ки агар сари парандаҳои хурд мисли гунҷишку кабўтар ва амсоли он бо даст канда шавад, дар ин ҳолат хўрданаш ҳалол мешавад ё на?
Шариф
Посухи намояндаи Раёсати фатвои ҶТ
Дар ин сурат хӯрдани он ҳаром мегардад, зеро дар забҳи шаръӣ гуфтани “Бисмиллоҳ” ва буридани сари ҳайвон бо олати тезина шарт аст. Агар сари парандае бо даст канда шавад, гўшти он паранда ҳаром мегардад ва ҳукми худмурдаро дорад.