Formula novemver 2024
Гунаҳкор хушбахт мешавад?
25.12.2024
ОИЛА.ТҶ
1154

Гуноҳе содир намудаам, ки барои он ҳеҷ гоҳ худамро бахшида наметавонам. То 19-солагӣ намоз хондам, рӯза доштам, вале донишҷӯй шудан пас бо ҷавоне вохӯрда, ба гирдоби гуноҳ ғӯтидам. Маро ба ҷавони дӯстдоштаам фотеҳа кардаанд, вале мо ҳанӯз никоҳ нашудаем. Аз корҳои кардаам сад бор пушаймонам ва шабу рӯзам бо гиряву тоату ибодат мегузарад. Мехоҳам донам, ки оё мани пургуноҳ дар оянда хушбахт мешавам ё не?

ДИЛДОДА, ш. Душанбе

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Хоҳари азиз! Хуб аст, ки алакай гуноҳатонро фаҳмидаед ва айбатонро ба гардан гирифта, тавба мекунед. Албатта, сарнавишти ҳар як инсон дар дасти Худованд аст ва мо, ки бандаи офаридгор ҳастем, гуфта наметавонем, ки шумо бадбахт мешавед ё хушбахт. Фақат як чизро мегӯем, ки ҳар як инсони гунаҳкор, агар сидқан тавба кунад, иншооллоҳ Худованд гуноҳҳояшро мебахшад. Мо дуои ояндаи неки шуморо мекунем, шумо ҳам хушбахтиро аз Худои меҳрубон талаб кунед. Кош он ҷавон, ки шумо ба хотири вай худро олудаи гуноҳ кардед, шуморо фиреб надиҳад ва дар нимароҳ напартояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД