Arzon march 2024
Гунаҳгори бегуноҳ (ҚИСМИ 3)
1729

Ман чеҳраи падарамро дар ёд надоштам, аммо шавҳарам оҳистаяк гуфт, ки инқадар ба падарат монанд будаӣ

Мўсафед ба саломи мо базӯр алейк гирифту лабони бехунаш пир-пир парида, гуфт:

- Маҳмудбой, ахир ҳамин муштипарро ёфта овардӣ-а?! О, як-ду рўз пас мемурдам, халос мешудед, ман падари шумо будам, на аз ин бечора, вай ҳатто маро намешиносад!

Ман чӣ гуфтанамро намедонистам, вале шавҳарам “амакҷон, ман домодатон, ҳиҷ гап не, дар зиндагӣ ҳама хато мекунанд, агар ба инҳо лозим набошед, худам шуморо ба шаҳр мебараму нигоҳубин мекунам” гуфт…

Аммо падарам розӣ нашуд. Ду рўз зорӣ кардем ва ўро ҳамроҳамон ба пойтахт овардем…

Исёни модар

Ман дар ин ду рўз бо падарам унс гирифтаму ким-чӣ хел меҳр низ пайдо кардам. Мо падарамро ба хонаи холиямон ҷо кардем, шавҳарам сару рўяшро шуста, ришу рўяшро тоза намуд, баъд либосҳои хубу босифат харида, ўро аз назари табибон гузаронд. Падарам ба саратони рўдаи дувоздаҳангушта мубтало будааст, мо падарамро ба беморхона ҷо карда, баъд ба модарам гуфтем, ки ўро овардаем. Модарам маро нохалафи падармонанд гуфта, аз хонааш ронд, вале шавҳарам боазоб ба вай фаҳмонд, ки ҳар гунае набошад, ў падари Мадина аст ва бояд дар ин лаҳзаҳои душвор дастгираш бошем.

Модарам бо ман умуман гап намезад, кори ман гиряву зорӣ буд, назди падарам худамро хушнуд нишон медодам, вале дар танҳоӣ болинамро аз оби дида тар мекардам. Дар ин рўзҳои аз ҷиҳати равонӣ бароям хеле вазнин шавҳарам, хушдоману ҳеварам дастгиру мададгорам буданд. Падарам табобати кимиёдармонӣ гирифта, хеле ба худ омад, бо кумаки хушдоманам модарам ҳам бо ман оштӣ кард. Мисли пешин меҳрубон набошад ҳам, шукрона мекардам, ки бо ман бо ними лаб бошад ҳам, гап мезанад. Ў хонаи мо намеомад, вале писаронамро зуд-зуд ба хонааш мебурду баъзе шабҳо манъ мекард. “Оча, кўдакон ташвишат медиҳанд” гўям, бо ситеза мегуфт:

- Ту хизмати “Юсуфи гумгашта”-ро кардан гир, ба ману ташвишҳоям корат набошад!

Мо бо дорую дармону меҳрубонӣ панҷ соли дигар умри падарамро дароз кардем, дар ин муддат ба падарам меҳре бастам, ки тасвир карда наметавонам. Ў низ, аз ман бахшиш пурсида, қиссаи талхи сарнавишташро мегуфту мегуфт…

Падарам дар рўйи дастони ман ҷонашро ба Ҷонофарин супорид, васият кард, ки дар ҳамин ҷо ба хокаш супорем, ба деҳа набаремаш. Ҳарчанд, баъди ба хонаам овардани падарам амакҳояму аммаам зуд- зуд хабаргирияш меомаданд, аммо дили падарам аз деҳа монда буд.

Инак, аз марги падарам як солу шаш моҳ сипарӣ мешавад, аммо модарам то ҳол хафанамо аст. Ҳеҷ «хиёнат»-и маро набахшид, ки набахшид…

Мехоҳам аз очаҷонам бахшиш пурсам, ҳарчанд «гуноҳ»-е надорам. Охир, падари бемору афгори маро на ман, балки шавҳарам сару бар шуда, ба хонааш овард. Агар ў намехост, ман чӣ кор мекардам? Агар ҳамин гуноҳ бошад, маро бубахш, очаҷон…

Бо эҳтиром, МАДИНА

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД