«Яккасанд»
Шояд вожаи яккасанд ба бисёриҳо шинос набошад, ба ҳамин хотир, қиссаи сарнавиштамро аз ҳамин оғоз мекунам. Занеро, ки танҳо як фарзанд таваллуд мекунад, дар деҳаҳои мо ҳамин гуна ном мебаранд, яккасанд…
Аз издивоҷи волидайнам танҳо ман, як духтар ба дунё омадаам ва ин номро дар пешонаи модари зорам навишта кардаам. Ва ҳамин «ҷурм» боиси дилхунукии падарам гашта, оқибат аз модарам ҷудо мешавад. Тағоҳоям барои модарам қитъаи замине харида, хонаяки ба ману ў муносиб сохта доданд ва ман аз синни чорсолагӣ ҳамроҳи модарам танҳо зиндагӣ мекардем. Ҳавлии бибию бобои падариям дар маркази ноҳия воқеъ буд, ман ду амакӣ ва як амма доштам, аммо онҳо аз ман гўё фаромўш карда буданду ёдам намекарданд. Чор тағою як хола доштам, ки борони меҳрубонияшонро ба сарам бедареғ мерехтанд. Шавҳари холаам, ки директори мактабамон буд, аз тағоҳоям дида ба ман меҳрубон буд. Маҳз бо дастгирии ин марди шариф модарам шуъбаи ғоибонаи донишгоҳи омўзгориро хатм карда, дар мактаби деҳа омўзгор шуда кор мекард, зани зебою ороста бошад ҳам, дигар ёди шавҳар накард…
Гулдухтар
Дар байни набераҳои бибии модариям, бобоям барвақт аз олам гузашта буд, ману духтари холаам ду духтар будем. Фарзандони тағоҳоям ҳама писар буданду моро чун хоҳар азиз медоштанд, чизи хостаамонро харида медоданд. Мо ҳарду зебо мепўшидему аъло мехондем. Модарам бисёр мехост ман табиб шавам, аз ин рў ба дарсҳои мактаб қаноат накарда, худаш дарси иловагиям мегуфту маро рўҳбаланд мекард. Оҳиста-оҳиста қад кашида, духтари зебое шудам, аммо падарамро умуман надида будам. Тасаввур кунед, дар як ноҳияи хурдакак умр ба сар бариву падаратро нашиносӣ… Аз рўйи нақлҳои бибиям медонистам, ки падарам зан гирифтаву соҳиби фарзанд нашуда, аз ў низ ҷудо шудааст, бори саввум ба як зани шавҳармурда хонадор шуду ду писари аз никоҳи аввал кӯдаки занашро фарзандхонд кардааст.
Бибиям ҳамеша падарамро дуои бад мекард, ки бахти духтарашро сухтаасту аз мани лахти ҷигараш хабар нагирифта, фарзандони каси дигарро ба фарзандӣ хондааст. Аммо ман худамро умуман бепадар эҳсос намекардам, аз падарам ягон хел ранҷиш ҳам надоштам.
Мардони атрофам, тағою писартағою писархола ва язнаи меҳрубонам бароям аз падар дида, меҳрубону ғамхор буданд. Модарам дар бораи падарам ягон ҳарф намегуфт, ман низ намепурсидам, аммо албоми суратҳои ҷавонии модарамро гоҳ - гоҳ тамошо мекардаму сўзи дар қалбаш доштаи ўро эҳсос менамудам. Модарам тамоми суратҳои падарамро аз паҳлўяш бурида, партофта буд… Яъне, ў дар зиндагии модари соҳибҷамолу порсову кордонам, вуҷуд надошт.
Зиндагӣ дар шаҳр
Бо ёрию дастгирии пайвандон, хусусан шавҳари холаам ману духтархолаам Шарифа ба донишгоҳи тиббӣ дохил шудем. Модарам тамоми пасандози доштаашро ҷамъ карду, тағоҳоям низ ёрдам карданд ва мо дар як гўшаяки пойтахт хонаи якҳуҷрагӣ харидем. Модарам ҳамроҳи мо ба шаҳр омад ва дар мактаби наздикии хона ба кор шурўъ кард, ў ду баст кор мекард, то мо аз чизе камбудӣ надошта бошем.
Тули ҳафт соли донишҷўйиамон модарам баробари мо заҳмат кашид, ман донишгоҳро бо дипломи сурх, Шарифа бошад бо таърифнома хатм кардем. Шарифа ба як ҷавони ҳамдеҳаамон, ки донигоҳи омўзгориро хатм намуда буд ба шавҳар баромад, ман бошам дар яке аз беморхонаҳои бонуфузи пойтахт ба кор даромадам. Модарам бо тағоҳоям маслиҳат карда, хонаву дари дар деҳа будаамонро бо ин якҳуҷрагии шаҳриямон фурўхта, хонаи сеҳуҷраи зебову муҷаҳаззеро дар маркази шаҳр харидорӣ намуд. Акнун, ману модарам зиндагии шоҳона доштем, зеро ҳарду кор мекардему зиндагиямонро таъмин… Ҳама аз пешравии ҳаёти мо розиву хушнуд буданд, тағоҳоям ба хабаргириямон меомаданду бибиямро низ, зуд - зуд оварда, нигоҳубин мекардем. Зиндагии мо дар шаҳри калон бо шодию сурур мегузашт…
(Давом дорад)
Бо эҳтиром, МАДИНА
Таснифи Рухсора САИД