Гумонбари куштори Шаҳло ва фарзандонаш ҳамсояи наздик будааст
1217

Куштори бераҳмонаи як зан бо 3 фарзандаш дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ натанҳо аҳли ин деҳаро ба даҳшат овард, балки сарусадоҳои зиёдеро дар ҷомеа ба миён овард. Инак, бо гузашти ду ҳафта аз ин ҳодисаи ваҳшатбор ҳақиқат кам-кам рӯйи об баромада, шавҳари Шаҳло (зани кушташуда) ва ҳамсояҳои ин хонавода ҷузъиёти он шаби хунинро дар суҳбат бо расонаҳо нақл карда истодаанд.

Ин ҳодисаи ваҳшатбор шаби 5-уми сентябр рӯй дода, сокини деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ Шаҳло Назароваро бо ду духтар ва як писараш дар манзили зисташон ваҳшиёна ба қатл расонидаанд. Ҷасади модар ва фарзандонашро 3 рӯз пас ҳамсояҳо пайдо карда, рӯзи 9-уми сентябр ба хок супурданд.

Тавре шавҳари марҳум Шаҳло ва ҳамсояҳои ин хонавода дар суҳбат бо журналистон гуфтаанд, гумонбарони куштор бегона набуда, дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардаанд.

“Ба гуфтаи ҳамсояҳои Шаҳло Назарова, онҳо аз афроди наздик ба тафтишот шунидаанд, ки шаби ҷумъаи 5-уми сентябр, соати тақрибан 12-и шаб марди ҳамсояе бо номи Сайфулло, ки хонааш як хона пас аз оилаи кушташуда аст, аз сари девор гузашта, ҳамроҳи як наврас ба манзили Шаҳло Назарова даромадааст. Шаҳло ҳайрон мешавад, ки Сайфулло дар нисфи шаб чаро ба ҳавлии ӯ омадааст. Сайфулло ба Шаҳло мегӯяд, ки ин наврас аз сарбозшикор ё “облава” фирор карда истодааст ва хоҳиш мекунад, ки ӯро пинҳон кунад. Зан розӣ шуда, ба Сайфуллову ҳамроҳаш мегӯяд, ки ба хона даромада пинҳон шаванд, вале онҳо баробари ба хона даромадан ашёи хонаро чаппаву роста карда, чизе меҷустанд. Шаҳло мефаҳмад, ки онҳо пулҳоро мекобанд. Сайфулло аз тарси он ки зан ба мақомот хабар медиҳад, ба ӯ ҳамла мекунад. Шаҳло Назарова гиря карда, хоҳиш мекунад, ки ҳамаи пулҳо ва чорвои оғилро гирифта баранд, вале ба ӯ ва фарзандашон зарар нарасонанд, аммо Сайфулло ба бадани зан ду корд зада, ӯро ба даруни ҷуйбори ҳавлиаш мепартояд”,- нақл кардааст яке аз ҳамсояҳои зани кушташуда зимни суҳбат бо хабарнигорон.

Бино ба навиштаи расонаҳо гумонбарон аз манзили Шаҳло Назарова 23 ҳазор сомониро дуздидаанд, вале мақомоти тафтишотӣ ҳанӯз ин хабарро тасдиқ накардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД