Гулрухсор Гадоева, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бинокорон 13 буда, маъюби гурӯҳи дуюм мебошад. Ӯ бо модари пиру додари маъюбаш дар як ҳуҷра зиндагӣ мекунанд.
Ҳамин як ҳуҷраи хурдакак вазифаи хонаи хоб, меҳмонхона, амбор, ошхона ва ҳамомро иҷро мекунад ва тамоми лавозимоти рӯзгор дар ҳамин ҷо ҷойгир аст.
Модар Гулрухсор Адолат Якубова маъюби гурӯҳи якум буда, ҳамагӣ 307 сомонӣ нафақа мегирад. Гулрухсор маъюби гурӯҳи дуюм ва нафақааш 180 сомонӣ аст. Марди хонадон Гадоев Ҷамшед тамоман кор карда наметавонад ва 108 сомонӣ мебошад. Бо сабаби бехонагӣ ва камбудиҳои иқтисодӣ фарзандони ин хонавода то ҳол оиладор нашудаанд, ҳол он ки синну солашон аз 40 ҳам гузаштааст.
Модар мегӯяд, дар як ҳавлӣ танҳо ба мо як ҳуҷра аз падарам боқӣ мондааст, ки дар гузашта анҷомхона буд.
Пойҳои ин занро ду маротиба ҷарроҳӣ карданд, вале ба ҷойи он ки ҳолаш беҳтар шавад, ба бистари беморӣ мехкӯб гашта, тамоман роҳ рафта наметавонад.
Адолат Якубова чандин сол дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба сифати фаррош кор кардааст. Ӯ мегӯяд: “
“Дар вақташ дар Донишгоҳи миллӣ рӯзона 26 аудуторияро тамиз мекардам. Духтарам аз хурдӣ ҳамроҳи ман буд ва кӯмакам мекард.”
Бозиҳои зиндагӣ акнун ин зани чаққонро зору мӯҳтоҷ гардонидааст.
Адолат дар Душанбе ба дунё омадааст. Ба мисли дигар духтарон баъди хатми мактаби миёна ӯ низ бо ҳазорон орзуву ҳавасҳои ширин ба шавҳар баромад, вале бахт ба рӯяш нахандид пас аз чанд сол хонавайрон шуд.
“26-сола будам, ки шавҳарам маро партофт, то вақте ки падару модарам зинда буданд, зиндагии ором доштем, вале баъди сари волидонам аҳволамон хеле бад шуд”-бо дард қисса мекунад зан.
Дар ҳоли ҳозир ин оила ҳатто ҳоҷатхона надоранд. Обро мехаранд. Ба хотири он ки кӯрпаву болин ва либояҳояшон равғанолуд нашавад, хӯрок пӯхта наметавонанд. Аз ночорӣ аз мағоза ҳасиб, ролтон ва сметана харида, бо ҳамин минвол зиндагиашонро пеш мебаранд.
Дар ин ҳавлӣ се оила зиндагӣ мекунанд, ки ҳаққи апаи Адолату фарзандонаш танҳо як ҳуҷра аст. Аз ночорӣ хонаро аз миён ба ду тақим карда, дар як тараф анҷомҳояшонро нигоҳ медранд ва дар тарафи тигар худашон хоб мекунанд.
“Шабҳо хоби ором надорем, чунки аз сабаби бисёр таг будани ҷой пойҳоямонро дароз карда наметавонем”,- нақл мекунад Ҷамшед.
Девори ин кулбаи фарсуда аллакай як маротиба чаппа шуда, кам монда буд, ки се маъюб зери хок бимонанд, аз ҳамин сабаб онҳоро шабҳоро бо ҳарос саҳар мекунанд, ки мабодо боз ягон фалокат рӯй надиҳад.
“Як бор деворамон чаппа шуд, агар ба мо ёрӣ намедоданд, яқин дар зири хок монда мемурдем. Бо кӯмаки ҳамсояҳо деворро аз нав бардоштем, вагарна аҳволамон бисёр бад мешуд,”-бо ҳасрат қисса мекунад духтари хонадон.
Ба қавли Гулрухсор бо сабаби бисёр кӯҳна будани манзилашон хона пур аз каламӯш ва калтакалос шудааст, баъзан калтакалосҳо рост ба болояшон афтида, соҳибхонаҳоро сахт метарсонанд.
Гулрухсор Гадоева 41-сол дошта, то ҳол ягон бор оиладор нашудааст. Ба маъюбиаш нигоҳ накарда, ин духтари бо нангу номус модари бемор ва бародарашро нигоҳубин намуда, як сум пули меёфтаашро барои онҳо сарф мекунад.
Аз сабаби надоштани ҷойи саршӯӣ баъзан ду-се ҳафта ҳамом карда наметавонанд. Аз набудани ҳамом махсусан модари хонадон азоби сахт мекашад, зеро вай тамоман роҳ гашта наметавонад ва маҷбур аст, ки баъди қазои ҳоҷат худро бо салфеткаи намнок пок кунад.
Гулрухсор мегӯяд, орзу дорам, ки рӯзе шаваду дар ҳаммоми худамон таҳорат кунам, зеро дигар шарм мекунам, ки ба хонаи ҳамсояҳо саршӯӣ равам.