formula
Гулнора Ҳасанзода: Гуфтушунидҳо бо Корея идома доранд
410

Доираи муҳоҷират торафт васеътар шуда, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик акнун имкон доранд натанҳо ба Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ, балки ба Британияи Кабир, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Куриёи Ҷанубӣ ва дигар давлатҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Қобили зикр аст, ки муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Аврупо ва мамлакаҳои дигар дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ сурат мегирад.

Чанд вақт боз овозаҳо давр мезананд, ки гӯё Куриёи Ҷанубӣ аз қабули муҳоҷирони меҳнатии тоҷик даст кашидааст. Зимни як нишаст, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар доир гашт, мо бо ин савол ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, хонум Гулнора Ҳасанзода муроҷиат намудем. Дар посух ба ин суол вазир гуфт:

“Дар масъалаи сафарбарсозии гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик барои фаъолияти меҳнатӣ ба Куриёи Ҷанубӣ айни замон гуфтушунидҳо идома доранд. Як гурӯҳ намояндагони Куриё чанде пеш ба кишвари мо ташриф оварда буданд ва интизор меравад, ки ба наздикӣ боз як гурӯҳи дигар бо ин масъала ба Тоҷикистон оянд. Мо талош намуда истодаем, ки Куриёи Ҷанубӣ барои Тоҷикистон квота ҷудо кунад. Вақте ки муҳоҷирон дар асоси квота ба Куриё ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ҳуқуқҳои онҳо бо ҳуқуқи шаҳрвандони ин кишвар баробар мешавад“.

Ба гуфтаи масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон яке аз мушкилоти асосӣ дар сафарбарсозии муҳоҷирони тоҷик барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷӣ ин монеъаи забонӣ мебошад. Яке аз талаботҳои асосии давлатҳои қабулкунанда донистани забон мебошад. Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ақаллан дар ҳадди гуфтугӯ забони кишвареро, ки сафар карданиянд, бидонанд.

Барои ҳалли ин масъала бо иҷозати Вазорати маориф ва илми кишвар дар назди Маркази касбомӯзии калонсолони Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони Куриёӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ ташкил карда шудаанд ва хоҳишмандон метавонанд дар ин курсҳо забон омӯзанд.

Қобили зикр аст, ки дар масъалаи фиристодани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Ҷопон низ айни ҳол гуфтушунидҳо идома доранд. Ба иттилоъи масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ба наздикӣ бояд 96 нафар муҳоҷирон аз Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ ба Япония фиристода шаванд. Дар байни афроде, ки барои муҳоҷиратимеҳнатӣ ба Ҷопон номнавис шудаанд, 20 нафар хатмкунандагони донишкадаи забонҳо ҳастанд.

Шахсоне, ки хоҳиши ба Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон ва дигар мамолики хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, бояд ҳатман забони кишвари қабулкунандаро омӯхта, дар бораи қонунҳо, анъана ва расму оини он кишвар маълумот дошта бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД