Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Сафири Тоҷикистон дар Русия ба адковат Шавкат Умаров барои бо муввафақият ҷамбаст намудани мурофиаи судӣ ва ҷазои сазовор гирифтани қотили духтарчаи 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода изҳори сипос намуд.
Мулоқоти Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо падари Ҳувайдои ноком- Абдусалом Саидов ва вакили дифоъаш Шавкат Умаров дар бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия гузашта, дар ин вохӯрӣ ҳамчунин Искандар Шарифзода, консули Тоҷикистон дар Русия ширкат дошт.
Ҳозирин мурофиаи судии рӯзи 15-март дар додгоҳи Вилояти Маскав барпо шударо натиҷагирӣ намуданд ва дар рафти сӯҳбат сафир ба адвокат Шавкат Умаров барои бомуввафақият бурдани кор ва дар мурофиаи судӣ дар симои ҷабрдида аз манфиатҳои тамоми мардуми тоҷик ва тоҷикистонӣ ҳимоят карданаш изҳори миннатдорӣ намуд.
Ёдрас мешавем, ки духтарчаи 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ҳанӯз 5 сол қабл, бегоҳи 22-июли соли 2018 аз назди бинои истиқоматиашон дар Сурпухова гум шуда, пас аз як шабонарӯз ҷисми бе ҷони кӯдаки маъсумро дар дохили як сумкаи варзишӣ пайдо карданд. Гумонбари ягона дар ин ҷинояти ваҳшатангез Александр Семин, ҳамсояи ин оилаи муҳоҷири тоҷик буд. Ҳарчанд кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни санҷиш аз манзили ӯ изи хун, нақши ангуштон ва далелҳои дигарро пайдо намуда, ташхиси судӣ-тиббӣ аз ҷониби ин марди гургсират аввал мавриди таҷовуз қарор гирифтану баъдан бо корд кушта шудани кӯдакро собит намуда бошад ҳам, ҷинояткор худро ба девонагӣ зада, муддати 5 сол бе музоҷот монд.
Билохира, баъди пофишориҳои зиёди ҷониби ҷабрдида ва дахолати мақомоти расмии Тоҷикистон,аз ҷумла сафорати Тоҷикистон дар Русия ин парванда аз нав баррасӣ шуда, додгоҳи Вилояти Маскав рӯзи 15-март Александр Семин, қотили Ҳувайдои нокомро ба мӯҳлати 24 сол равонаи зиндон намуд.
Волидони Ҳувайдои ғуррамарг мегӯянд, ниҳоят худованд оҳи дили онҳоро шунида, қотили фарзандашон ҷазои сазовор гирифт ва умед бар он доранд, ки аз ин пас рӯҳи духтараки фариштаашон оромиш меёбад.