arzon replenishment
Гулбаҳор Ғаффорова: Шавҳарам дар муҳоҷират, аз куҷо фарзанд шавад?
4549

Собиқ ҳаҷвнигори Театр-студияи «Хандинкамон» Гулбаҳор Ғаффорова дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, орзу дорад, ки шавҳараш аз муҳоҷират баргардаду соҳиби хонаи шахсӣ ва як фарзанди дигар шаванд.

Гулбаҳор 1-уми апрели имсол 40-сола мешавад ва ҳудуди 20 сол аст, ки дар саҳна ба ширинкорӣ машғул аст, вале то ҳол хонаи шахсӣ надораду дар шаҳри Хуҷанд ҳамроҳи писарчааш иҷоранишин аст. Имрӯз ӯ дар бахши фарҳанги шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ба ҳайси коргардон фаъолият дорад ва мушкилии асосии ӯ рафту омади ҳаррӯза аз самти Хуҷанд ба Гулистон аст. Ғафур, шавҳари Гулбаҳор 10 сол мешавад, ки дар муҳоҷират қарор дорад ва бо даст додани имконият соле як маротиба ба дидорбинии аҳли оила ба Ватан меояд. «Ба шавҳарам гуфтам, ки шумо имкони ба Тоҷикистон омаданро надоред, шояд то баргаштани шумо барои писаракамон додарчаеро пайдо кунам? Вай бо қаҳр гуфт, ки ҳоло фурсат пайдо карда бармегардад ва аз пайи ин кор мешавем. Хеле мехоҳам, ки наздам бошад, зеро дар зиндагӣ мушкилоти зиёде дорам. Тақрибан ҳамасола хонаи иҷора дар Хуҷандро иваз мекунам ва муроҷиатҳоям ба роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд барои гирифтани хона беҷавоб мемонанд.


ГУЛБАҲОР: АЗ КӮДАКӢ ҶӮРАБОЗ БУДАМ! (ВИДЕО)


Илова бар ин, мехоҳам соҳиби фарзанди дувум шавам»,-нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд, Гулбаҳор. Номбурда зодаи шаҳри Исфара ва хатмкардаи бахши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва шӯъбаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. Гулбаҳор хатмкардаи ду донишгоҳ бошад ҳам, аз рӯйи ихтисос боре ҳам фаъолият накардааст. Мудом дар маҳфили ҳозирҷавобон (КВН) иштирок мекард ва аз ҳамон вақт меҳри санъату ҳунар дар дилаш ҷӯш мезад. Ҳоло дар ҳайати гурӯҳи ҳаҷвии «Коно ва Доно» фаъолияти худро идома дода истодааст. Аз мушкилиҳои рӯзгор рӯҳафтода нест ва боварӣ дорад, ки рӯзе ҳамааш ба хубӣ анҷом мепазирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД