Салом! Ман зани 28-сола ҳастам ва айни замон фарзанди сеюмамро интизорам. Дар кӯдакӣ гул набароварда будам, аҷибаш он аст, ки модари ду фарзанд гашта, нав гул баровардаам. Мо дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ мекунем. Духтури маҳаллаамон маро маҷбур карда истодааст, ки ҳатман ба беморхонаи марказӣ равам, вале шавҳарам аз Русия пул нафиристода истодаасту имконияти рафтан надорам. Наравам чӣ мешавад? Магар гул баровардан дар давраи ҳомиладорӣ ягон хатар дорад?
Моҳлиқо аз Мӯминобод
Посух
Асосан дар давраи кӯдакӣ гул мебароранд, вале баъзан дар давраи ҳомиладорӣ низ зан метавонад гул барорад. Ин бемории зоҳиран сабук натанҳо барои тифли дар батни модар буда, балки ба саломатии худи зан низ хатарнок аст. Тибқи маълумоти оморӣ 15%-и заноне, ки дар давраи ҳомиладорӣ гул мебароранд, ба шакли вазнини бемории пневмония гирифтор мегарданд. Гулбарорӣ барои тифл аз он ҷиҳат хатарнок аст, ки аксаран боиси марги ҷанин ё бо нуқсонҳои модарзод ба дунё омадани кӯдак мегардад. Аз ҳамин хотир мо ба шумо малиҳат медиҳем, ки ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.