Гӯштингирии миллӣ яке аз варзишҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, таърихи беш аз 4 – 5-ҳазорсола дорад. Тоҷикон гӯштинро бештар дар идҳо, тӯю маъракаҳои хурсандӣ барпо менамуданд. Бахусус, гӯштини миллӣ дар Ҷашни Наврӯз чун анъана байни мардони паҳлавон шукӯҳу шаҳомати хосса касб менамояд. Мардони гӯштингир, ки дар сабқатҳо ғолиб меомаданд, исмашон бо унвони паҳлавон байни мардум пазируфта мешуд.
Аз он ки аз аҳди қадим Иди Наврӯз деҳа ба деҳа таҷлил мешуд, паҳлавонон бо муаррифӣ аз рустои хеш ба майдон мебаромаданд. Гӯштингирии онҳо рӯи сабзаи навдамида бо либосҳои ҳархела, ки то солҳои наздик ҳамин гуна буд, сурат мегирифт. Аз он рӯзҳо то кунун хурду бузург омад - омади Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд. зеро дар ин ҷашн ҳатто аз кишварҳои ҳамсоя паҳлавонон барои сабқат омада, қувваозмоӣ мекарданд.
Тане, ки бо тамрин пайваста аст, аз табиб вораста бошад. Устодони варзиш мегуфтанд, ки гӯштин илм аст, ки бо амал тавъам мебошад. Яъне, касе аз илми гӯштингирӣ огаҳ набошад, барои қувваозмоӣ ба майдон баромаданаш маънӣ надорад. Мебоист худмуҳофиз бошаду боҷасорат.
Мутаассифона, ин намуди варзиш, ки асрҳо байни мардум маъмул буд, хеле дер дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гашт. Зеро собиқадорони варзиши тоҷик аслан ба тарғиби гӯштини бегона шуғл доштанд ва гӯштини миллӣ аз мадди назарҳо дур монд. Гӯштини ҷудо (дзюдо) аз соли 1951 байналмилалӣ шуд, ки рақси мавзуне беш набуд.
Кишвари Япония дар ҷумҳурӣ 20 - 30 мураббиро ба хотири тарғиб ва омӯзондани ҷудо маблағгузорӣ менамояд. Россия гӯштини самборо тавассути 60 мураббӣ ба ҷавонон меомӯзонад. Ба варзишгарон либоси махсуси гӯштингирӣ ва дигар лавозимотро фароҳам меорад. Мураббиёни варзиши тоҷик, саргарми тарғиби самбо ва ҷудо шуда, заҳматҳояшон бо унвонҳои давлатӣ қадр гардиданд, гӯштини миллӣ ба истилоҳ «бесоҳиб» монд.
То чанд соле пештар бо либоси самбочиён ва ҷудочиён (дар маҳалҳо ҳавасмандон ҳатто бо ҷома ва ҷелак гӯштин мегирифтанд) варзишгарони тоҷик ба майдон баромада, қувваозмоӣ менамуданд. Бар он ҷурм, ки гӯштингирони гӯштини миллӣ либоси махсус надоштанд.
Соли 2020 бо пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тарҳи 18 намуди либос аз матоъҳои миллӣ, ба мисоли атласу шоҳӣ пешкаш гардид, ки аз ин як намуди он қобили қабул дониста шуд. Либосе, ки алҳол ҳамчун либоси варзишгарон дар гӯштини тоҷикӣ эътироф шуд, рамзи Парчами давлатиро ифода менамояд. Яъне, аз матои рангҳояш сурх, сафед ва сабз дӯхта шудааст.
Дар Ҷашни Наврӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки гӯштини миллӣ на танҳо дар Иди Наврӯз, балки дар ҳама ҷашнҳо тарғиб шавад. Ҳамчунин, дар Наврӯзи соли 2016, дар анҷоми тантанаҳои идона эълон доштанд, ки минбаъд рӯзи 22 март Рӯзи гӯштингирон, 23 март Рӯзи аспдавонон ва 24 март Рӯзи гулкорӣ ва ниҳолшинонӣ эълон шаванд.
Баъди пешниҳодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Федератсияи гӯштингирони Тоҷикистон Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон тасмим гирифт, то дар рушди гӯштини миллӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудани ин намуди варзиши тоҷикон саҳм бигирад.
То соли 2020 дар сатҳи ҷумҳурӣ 7 мусобиқа ва дар шаҳри Твери Россия як мусобиқа гузаронда шуд. Дар ин қувваозмоиҳо беш аз 30 давлати дунё ширкат дошт, ки дар байни онҳо бонувони гӯштингир низ буданд.
Бо пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ федератсияи мазкур дар раёсати адлияи шаҳри Сюрихи кишвари Шветсария гӯштини миллиро сабти ном намуд, федератсия соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид. Аз 17 июни соли 2022 гӯштини тоҷикӣ байналмилалӣ шуд.
Вақте гӯштини тоҷикӣ байналмилалӣ шуд, масъулияти Федератсия низ дар мавриди рушди он зиёдтар гардид. Мебоист варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои расмӣ, аз қабили Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин, Чемпионати Осиё, Ҷоми Осиё ва Ҷоми Ҷаҳон байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон ва ҳатто бонувон ширкат намоянд. Собиқадорони гӯштини тоҷикӣ Ғиёсиддин Қаюмов, Садриддин Обидов, Мизробшоҳ Шоев дар Кӯлоб, Манучеҳр Собиров, Хуршед Ибайдуллоев, Сафаралӣ Баротов дар баробари ба наврасону ҷавонон ҷудо ё самборо тамрин додан, инчунин усулҳои гӯштини миллиро меомӯзонанд. Ҷаҳонпаҳлавон Саймумин Раҳимов ва баъдан Нурулло Лоиқов, Рауф Ҳукуматов, Беҳрӯз Хоҷаев, Темур Раҳимов ва дигарон тамрини худро аз гӯштини миллӣ шуруъ кардаанд.
Хоҷазода Беҳрӯз пас аз 42 соли қаҳрамонии Саймумин Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо соҳиби медали тилло гардид. Аз он ки он замон гӯштини миллӣ дар сабқатҳои ҷаҳонӣ эътироф намешуд, варзишгарони тоҷик бо намудҳои самбо ва ҷудо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок мекарданд.
Бовар дорем, дар байни мардуми кӯҳистон миллияти гӯштини тоҷикӣ ҳанӯз побарҷост ва гирди як миз ҷамъ омадану маслиҳат ва машварати паҳлавонон барои ояндаи фаъолият ва рушди гӯштини миллӣ мусоидат хоҳад кард.