Дар рӯзи охири Чемпионати Ҷаҳон оид ба гӯштини кураши қазоқӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон варзишгарони тоҷик ба гирифтани 3 медал ноил гардиданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар рӯзи охири мусобиқа дар вазни 82 кг Ҳайдар Саидкабирзода, дар вазни 90 кг Ҳақназар Назаров, дар вазни 100 кг Саидҷамол Алимардонов ва дар вазни ҷамъи 100 кг Дадахон Қурбоналиев Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Дар вазни 82 кг Ҳайдар Саидкабирзода ба гирифтани медали нуқра шарафёб шуд. Саидкабирзода дар даври аввал озод буда, дар даври чаҳорякниҳоӣ Умед Эсанов аз Ӯзбекистонро мағлуб намуда, дар марҳилаи нимниҳоӣ Строкаи полшагиро аз садди роҳ дур карда, ба финал роҳ ёфт. Дар финал Ҳайдар аз Сеитказинови қазоқ шикаст хӯрда, медали нуқра гирифт.
Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг ба гирифтани нишони нуқра мушарраф гардид. Ҳақназар дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм Мармелҷуки эстониро мағлуб карда, дар даври нимниҳоӣ бар Фукуии ҷопонӣ зафар ёфт ва дар финал аз Галимови қазоқ шикаст хӯрда, медали нуқра гирифт.
Дадахон Қурбоналиев - паҳлавони мардумӣ дар вазни ҷамъи 100 кг ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт. Қурбоналиев дар даври нимниҳоӣ рақобатро оғоз карда, аз Жарилгапови қазоқ ноком шуд ва дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар Саҷҷади Фард аз Эрон ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқа Наврӯзи Каримзод дар вазни то 74 кг ба гирифтани нишони нуқра шарафёб гардида буд. Варзишгари дигари мо Сомон Аламов дар мубориза барои нишони биринҷии вазни 60 кг ноком гардид. Сарвар Абдушукуров дар вазни то 66 кг ва Саидҷамол Алимардонов дар вазни 100 кг дар даври аввал мағлуб шуданд.
Ҳамин тавр, аз 7 варзишгари тоҷик дар Чемпионати Ҷаҳон оид ба гӯштини кураши қазоқӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ба 4 нафар муяссар шуд, ки ба гирифтани 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ноил шаванд.