arzon replenishment
Гӯштингири тоҷик Алишер Исматзода дар Русия ба 9 соли зиндон маҳкум шуд
676

Алишер Исматзода, гӯштингири тоҷик ва мураббии тими миллии ҷавонони Русия аз ҷониби додгоҳи ҳарбии шаҳри Москва ба 9 соли зиндон маҳкум гаштааст. Исматзодаро дар сармоягузорӣ ба ДОИШ муттаҳам медонанд.

Алишер Исматзодаро моҳи июли соли равон бо иттиҳоми кумаки молӣ расонидан ба як узви гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дастгир намудаанд, вале худаш дар мурофиаи додгоҳ гуфтааст, ки танҳо қарзи шахсеро баргардонд, ки намедонист ӯ узви ДОИШ аст. Аммо додситон пофишорӣ кардааст, ки ин кори ӯ баргардондани қарз набуда, Алишер Исматзода дар бораи ба террористон фиристода шудани пул хабар дошт. Ба қавли муфаттишон, Алишер Исматзода ба ҳисоби як узви ин созмон 9 ҳазор рубли русӣ, тахминан 90 доллари амрикоӣ фиристодааст. Додгоҳи ҳарбӣ гуфтаҳои додситонро қабул карда, Исматзодаро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд.

Шоҳидон дар додгоҳ Алишер Исматзодаро ситоиш карда, гуфтаанд, ки ӯ мураббии хуб аст ва ба шогирдонаш ҳамеша муносибати нек дошта, барои пешравиҳояшон таҳсину офарин мехонд ва бо пули худаш барояшон либос ва пойафзоли варзишӣ мехарид, вале...

Рӯзи 25-уми декабр додгоҳи ҳарбӣ гӯштингири тоҷик Алишер Исматзодаро, ки шаҳрвандии Русияро низ дорад, ба 9 соли зиндон маҳкум намуд.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, дар баробари 9 сол зиндон шуданаш, Алишер Исматзода ҳамчунин 400 ҳазор рубл ҷарима месупорад. Тибқи ҳукми додгоҳ Алишер Исматзода се соли аввалро дар зиндони низомаш умумӣ ва муҳлати боқимондаро дар зиндони шароиташ сангин бояд сипарӣ намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД