3-4-уми май дар Маркази фарҳангии Осиёи Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Кванҷу Фестивали фарҳангии оила ва кӯдак бо иштироки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиё, муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо ва ширкатҳои Корея баргузор шудааст.
Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар додааст, намояндагии дипломатии мамлакат дар ин чорабинӣ гӯшаи фарҳангии Тоҷикистонро ба намоиш гузоштааст.
Иштирокчиён имкон пайдо намудаанд, ки либосҳои миллии тоҷикиро ба бар намуда, бо таърих, фарҳанг ва бозиҳои миллиамон аз наздик шинос шаванд.