Салом! Шаби гузашта хоб дидам, ки аз бозор як гӯсфанди калони ҳисорӣ харидаам ва кашолакунон онро ба хона бурда истодаам. Хобамро ба модарам нақл кардам, он кас гуфтанд, ки бояд хайру садақа ва қурбонӣ кунам.
Ростӣ ҳайрон мондаам, ки чи кор кунам, чунки қарздор ҳастам ва имкони иқтисодии қурбонӣ карданро надорам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед. Агар қурбонӣ накунам, ба сарам ягон фалокат меояд?
Субҳон, сокини шаҳри Ҳисор
Посух
Бародари азиз! Ташвиш накашед, ба сари шумо ягон фалокат намеояд, чунки хоби дидаатон баръакс хеле хуб аст. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар кас хоб бинад, ки аз бозор гӯсфанди калоне харидааст, бояд шод шавад, зеро ин хоб бар он далолат мекунад, ки ба наздикӣ шахси хобдида соҳиби сарвату боигарӣ ва ё мансаби баланд гашта, қудратманд ва дар байни мардум соҳибэҳтиром хоҳад шуд.
Гӯсфандро дар хоб қурбонӣ намудан ба шифо ёфтани бемор ё аз қарзи калон халос шудани одами қарздор ишорат мекунад.
Аммо гӯсфанди сарбуридаро хоб дидан далели хайр нест. Чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки касе аз аҳли он хонадон ба ягон фалокат гирифтор шуда, аз олам мегузарад.
Худро дар хоб чӯпони рамаи гӯсфанд дидан хуб аст. Дидани чунин хоб ишорат бар он менамояд, ки шахси хобдида дар байни қавм ё авлодаш соҳибэҳтиром мегардад ва суханаш барои дигарон ҳукми қонунро мегирад.
Дар хоб гӯсфандро савор шудан аз ғалаба бар душмани қаттол гувоҳӣ медиҳад.