Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозии худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» доир намуд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаи мо дар оғози даври интихобӣ бар тими олимпии Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадалӣ Азизбоев (дубл), Раҳматшо Раҳматзода ва Далер Шарифов заданд.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо дастаи Филиппин, ки имрӯз аз тими Сурия (1:2) шикаст хӯрд, вомехӯрад. Ин дидор рӯзи 6-уми сентябр баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 9-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои то 23-сола баргузор мешавад.