Sebiston new 2024 october
Гиряи журналисти тоҷик барои падари гунгаш
4956

Як журналисти тоҷик, ки айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, тариқи онлайн ба падараш, ки қобилияти ҳарф задан надорад, бо имову ишора сӯҳбат карда, муҳаббати дар дилдоштаашро изҳор намудааст.
Зайнуриддин Заҳайризода, омӯзгор, рӯзноманигор, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, дар як сӯҳбати онлайнӣ дар барномаи “Ғарибобод”-и Орзу Исоев аз ҳаёташ дар ғурбат қисса кардааст.
Дар ин сӯҳбат журналист сабаби ба муҳоҷират рӯ оварданашро чунин шарҳ медиҳад:
-Ягона ноновари хона ман ҳастам. Кӯдаконам калон шуда истодаанд, вазъи иқтисодии оила торафт мушкилтар шуда истодааст. Он маоше, ки мегирифтам, ҳатто ба худам намерасид, аз ҳамин хотир омадам ба муҳоҷират, зеро ман бояд фарзандон ва волидонамро хӯронаму пӯшонам.
Заҳайризода дар идомаи сӯҳбат илова кард, ки ӯ ҳамчун омӯзгор фаъолият мекард ва дар баробари ин бо расонаҳо ҳамкорӣ дошт.
-Падарам деҳқон, модарам солҳои дароз аст, ки аз беморӣ ранҷ мекашад. Падарам қаҳрамони зиндагии ман ҳастанд. Ӯ барои маро соҳибмаълумот кардан тамоми сафедорҳои хонаамонро, ки хеле зиёд буданд, фурӯхтанд, то ман соҳибмаълумот гардам,-қисса мекунад Зайнурридин.
Ин ҷавонмарди муҳоҷир аз тарбияи неки волидонаш ёдровар шуда мегӯяд:
-Падарам маро бо нигоҳашон тарбия карданд, боре бад нагуфтанд, боре нигоҳи ноҷо накарданд. Ёд дорам, ки ҳар вақте ба куча мебаромадам, вақти баргаштан ба модарам мегуфтам, ки падарам гап заданд.
Азбаски падараш лол аст, вай аз кӯдакӣ ҳамеша орзу мекард, ки аз забони падар ақаллан як сухан бишнавад. Ба гунг буданаш нигоҳ накарда, падари Зайнурридин ба қавли писараш инсони беозор аст.
“Хотираи қавӣ дорад. Ҳамеша механданд ва мо ҳамеша бо имову ишора суҳбат мекунем”-мегӯяд дар сифоти падараш ин ҷавони меҳнатқарин.
Зайнуриддин Заҳайризода дар ин барнома ба падараш, ки қаҳрамони зиндагиаш аст, бо имову ишора сӯҳбат намуда, бо забони танҳо барои падараш фаҳмо мегӯяд: “Ман шуморо дӯст медорам”, “Падарҷон, ман пазмони дидори шумо шудаам”, “Падар беҳтарин инсони рӯи дунё ҳастед...”
Ҳамеша ба модарам сипос мегӯям, зеро бо як нафаре, ки бе забон аст, зиндагӣ хеле мушкил аст, вале ӯ сабр кард ва то имрӯз зиндагии муштарак доранд. Волидонам дар шароити сангин мо ду нафар фарзандро ба воя расониданд ва дар бадтарин шароит маро соҳиби маълумот карданд. Бузургии модари ман дар ҳамин аст,-қаҳрамониҳои волидонашро шарҳ медиҳад ҷавони муҳоҷир ва меафзояд, ки модараш бо вуҷуди маъюбият ва бемории шавҳараш ҳаргиз ба сари падараш садо баланд накардааст.
Дар ин сӯҳбат Зайнурридн ҳамчунин дар бораи азобу уқубатҳое, ки дар солҳои аввали муҳоҷират кашида буд, нақл карда, зиндагии сангинашро дар вагони сард қисса мекунад, ки бар асари он ӯ ба бемории гурда гирифтор шудааст.
Барнома бисёр пандомӯз буда, сарнавишти ин ҷавони бо нангу номуси тоҷик метавонад ба дигар ҷавонон дарси ибрат гардад, то ба қадри волидони хеш бирасанд ва ҳурмату эҳтироми падару модарро ба ҷо оранд, зеро падару модар ду ганҷи бебаҳое ҳастанд, ки аксаран баъди аз даст доданашон фарзандон ба қадрашон мерасанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД