Дар пойтахти Русия шаҳри Москва ба хотири бузургдошти аллома Бобоҷон Ғаффуров конфронси илмӣ баргузор гашт.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия баргузор гашта, дар конфронс доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони муассисаҳои олӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷусла Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия аз саҳми Бобоҷон Ғафуров дар илми шарқшиносии асри ХХ, рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва инкишофи илму фарҳанг ёдовар шуда, таъкид кард. ки Бобоҷон Ғафуров тамоми умр фаъолияташро дар самти таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст. Барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ ба Бобоҷон Ғафуров 8-сентябри соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Дар конфронс олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла академики Академияи илмҳои Русия Виталий Наумкин ва Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Аликбер Аликберов сухан намуда, хизматҳои арзандаи Бобоҷон Ғафуровро дар роҳи муаррифии мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд.
Дар доираи баргузории конфронс либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аксҳо аз ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров ва шоҳасари ӯ «Тоҷикон» ба намоиш гузошта шуданд.