Инсон мавҷуди миранда аст ва ҳар яки мо хоҳ-нохоҳ рӯзе ин ҷаҳонро тарк хоҳем кард. Албатта аз даст додани шахси наздик бисёр ҳодисаи нохуш ва ғамангез аст, вале новобаста ба ҳама дарду доғи худ набояд гирифтани шаҳодатномаи вафотро фаромӯш кард.
Шаҳодатномаи вафот барои чӣ лозим аст?
Мутаассифона, аксари одамон баъди фавти наздикону пайвандонашон шаҳодатномаи вафот намегиранд ё хеле дер аз паси гирифтани ин ҳуҷҷат мешаванд, зеро ба моҳияти он сарфаҳм намераванд. Ба қайди давлатӣ гирифтани ҳолати марги шахс ва гирифтани шаҳодатномаи вафот барои чӣ лозим аст?
Бақайдгирии давлатии вафот бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти дақиқи оморӣ оид ба шумораи аҳолӣ ва ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва меросии шаҳрвандон амалӣ карда мешавад.
Бақайдгирии давлатии марги шахс барои тақсими мерос дар байни меросхӯрони шахси фавтида ва танзими муносибатҳои онҳо ёрӣ мерасонад. Бидуни пешниҳоди ҳуҷҷати “шаҳодатномаи вафот” меросхӯрон дар муҳлати муқарраршуда бо роҳи қонунӣ меросро қабул карда наметавонанд.
Бақайдгирии давлатии ҳолати марги шахс ва гирифтани ҳуҷҷати “шаҳодатномаи вафот” барои гирифтани маблағи муайян, ки онро “маблағ барои гӯручӯб” мегӯянд, мусоидат мекунад. Маблағи мазкур аз ҷониби давлат пардохт карда мешавад. Барои гирифтани маблағ барои гурӯ чӯб” ба Шӯъбаи таъминоти иҷтимоии шаҳр ё ноҳияе, ки шахси вафот карда он ҷо зиндагӣ мекард, муроҷиат намудан лозим аст.
Пас аз бақайдгирии давлатии марги шахс ва пешниҳод кардани шаҳодатномаи вафот, агар шахси фавтида нафақахӯр бошад, онро қатъ мекунанд ва ин барои қатъи дигар муносибатҳои пулӣ низ метавонад замина гузорад.
Барои гирифтани шаҳодатномаи вафот ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Барои гирифтани шаҳодатномаи вафот ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали зисти охирини шахси фавтида, агар дар деҳот бошад, ба ҷамоат муроҷиат кардан лозим аст.
Дар сурати марги шахс бар асари ҳодисаҳои нохуш ба маҳали ёфта шудани ҷасади шахси фавтида ё маҳали ҷойгиршавии суде, ки ҳалнома оид ба муқаррар намудани далелҳои вафот ё фавтида эълон намудани шахсро баровардааст, бояд муроҷиат кард.
Киҳо ҳуқуқи гирифтани шаҳодатномаи вафотро доранд?
Барои гирифтани шаҳодатномаи вафот ҳамсар ва ё аъзои дигари оилаи шахси фавтида бояд ба бахши мақомоти САҲШ-и маҳали зисташон ё ҷамоати шаҳраку деҳот муроҷиат намоянд. Шахсоне, ки дар вақти вафот кардани шахси фавтида ҳузур доштанд ё дар бораи вафоти шахс маълумот доранд, ҳамчунин ҳуқуқ доранд, ки ба маќомотҳои зикршуда барои ба қайди давлатӣ гирифтани ҳодисаи фавти шахс муроҷиат намоянд.
Агар шахс дар аскарӣ ё маҳбас бимирад.
Дар ҳолати дар артиш фавтидан ба командири қисми ҳарбие, ки шахси фавтида дар он ҷо хизматро адо мекард, муроҷиат кардан лозим аст.
Шахс дар маҳбас фавтида бошад, барои гирифтани шаҳодатномаи вафот бояд ба ҳамон муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муроҷиат намуд.
Ҳангоми дар муассисаи тиббӣ ё муассисаи ҳифзи иҷтимоӣ қарор доштан фавтидани шахс барои гирифтани шаҳодатномаи вафот ба ҳамон муасиса муроҷиат мекунанд. Муассисаҳои зиркшуда дар бораи далели вафот кардани шахс маълумотнома пешниҳод менамоянд. Дар асоси маълумотнома и мазкур аз ҷониби САҲШ Шаҳодатномаи вафот дода мешавад.
Вақте ки шахс дар ҳавопаймо мемирад
Шахс ҳангоми сафар дар қатора, ҳавопаймо ва ё дигар воситаи нақлиёт фавтида бошад, қайди давлатии вафот дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки дар ҳудуди маҳали аз воситаи нақлиёт фаровардани шахси вафоткарда ҷойгир шудааст, гузаронида шуда метавонад.
Вақте ки ҷасад шинохта намешавад
Дар вақти қайди вафоти шахсони номаълум (шахсони шинохтанашуда) дар аснод фақат ҳамон маълумоти барои қайд зарур навишта мешавад, ки дар хулосаи экспертизаи судии тиббӣ қайд шудааст.
Барои ба қайд гирифтани ҳолати вафот кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
Барои ба қайди давлатӣ гирифтани ҳолати марги шахс ва гирифтани шаҳодатномаи вафот ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:
Аризаи хаттӣ дар бораи вафоти шахс.
Шиносномаи шахси фавтида.
Билети ҳарбӣ, агар шахси фавтида хизматчии ҳарбӣ бошад.
Ҳуҷҷати шаклаш муқарраршуда оид ба вафот, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ ё табиби бо фаъолияти хусусӣ машғулбуда дода шудааст.
Ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани далели вафот ё фавтида эълон намудани шахс, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, дар ҳолати мурофиаи судӣ талаб карда мешавад.
Шиносномаи шахси фавтида гирифта шуда, аломат гузошта мешавад (рақами сабт, сана) ва ба он муҳри мақомоти САҲШ гузошта мешавад. Шиноснома ва билети ҳарбӣ тибқи рӯйхат ба мақомоти корҳои дохилӣ ва комиссариати ҳарбии ноҳиявӣ супорида мешаванд.
Муҳлати додани шаҳодатномаи вафот
Шаҳодатномаи вафот дар муҳлати се рӯз баъди додани ариза ба таври ройгон дода мешавад. Дар сурати гум кардани “Шаходатномаи вафот” вафот, барои дубора гирифтани ин ҳуҷҷат ҳудуди 262, 50 сомонӣ дирам сарф мешавад.
Аз ин маблағ 150 сомонӣ барои боҷи давлатӣ, 112 сомонию 50 дирам барои пардохти хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ислоҳоти низоми САҲШ»-и БРСММ таҳия шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад.