Helvetas - Hukuki Man
ГЕПАТИТ РОҲ БА СӮИ МАРГ Ё...?
1062

 

Шавҳари ман ба касалии гепатити С гирифтор шудааст. Шунидам, ки табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев чанд касро аз касалӣ табобат кардааст. Оё шунидаҳоям ростанд? Агар чунин бошад, пас давои гепатити С чист?

Посух

Беҳтар аст, ки барои муолиҷаи шавҳаратон аз ин бемории вирусӣ ба табибони касбӣ муроҷиат намоед. Дар кишварамон марказҳои махсусе ҳастанд, ки бо гепатит сару кор доранд. Ман чанд нафарро аз ин вирус халос кардам, вале тарзи табобаташро намегӯям, чунки ин кашфиёти шахсӣ ва сирри кори банда аст. Айни замон ман ба шумо танҳо ҷиҳати беҳдошти ҳоли бемор чанд тавсия медиҳам.

Нусхаи аввал

шарбати сабзӣ-3 қисм

шарбати лаблабуи сурх-1 қисм

шарбати бодиринг-1 қисм

Ин ҳамаро бо ҳам хуб омехта намуда, рӯзмарра ба бемор диҳед, то истеъмол намояд, то ҷисмаш аз витаминҳо шодоб гардад.

Нусхаи дигар

250 грамм решаи каҳзак (хрен)-ро аз мошини гӯштқимакунӣ гузаронда дар ним литр оби ҷӯш муддати 24 соат бихобонед ва сипас дар қисмати ҷигари бемор ба муддати 40 дақиқа бандед, яъне компресс кунед.

Нусхаи сеюм

Як истакон бомусро шуста дар 2 литр об муддати 15 дақиқа дар оташи паст биҷӯшонед. Гиёҳоби ҳосилшударо рӯзе 3-4 маротиба 1 пиёлагӣ ба бемор нӯшонед.

Такрор мекунам, ки он чи ман гуфтам, танҳо василаи кӯмакӣ аст. Барои табобати комили шавҳаратон ба табиб муроҷиат карданатон ҳатмист, зеро гепатит бемории вирусӣ буда, саҳлангориро хуш надорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Шахло 2020-08-13, 00:34
000010956
Посух
Саида 2020-08-21, 21:43
гепатит б табобаттт драддд ман ту ли як сол м ешавад ки гирифтори гепатит б мебошамм
Посух
модар 2020-09-08, 05:16
адресатонро.малум.мекардед.писарамро.мебурдам.илтимос
Посух
Аскарова 2020-09-21, 03:25
Я хочу знать а гепатит в
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
Шахло 2020-08-13, 00:34
000010956
Посух
Саида 2020-08-21, 21:43
гепатит б табобаттт драддд ман ту ли як сол м ешавад ки гирифтори гепатит б мебошамм
Посух
модар 2020-09-08, 05:16
адресатонро.малум.мекардед.писарамро.мебурдам.илтимос
Посух
Аскарова 2020-09-21, 03:25
Я хочу знать а гепатит в
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД