sebiston july new
ГЕНЕРАЛ РАҲМОНЗОДА ҲАМ МОРО ТАРК КАРДАНД
4743

Сардори раёсати экологӣ ва сайёҳии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Раҳмонзода Алихон Футур рӯзи 1 сентябр дар бемористони «1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе дар синни 61 ин олами фониро падруд гуфт.

Ба гуфтаи наздиконаш, генерал Раҳмонзода ва ҳамсараш гирифтории бемории коронавирус шуда буданд. Ҳамсараш дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад. Ҷасади генерал Алихон Раҳмонзодаро рӯзи 1 сентябр дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурданд.

Раҳмонзода Алихон Футур, генерал-майори хизмати дохилӣ, 10 феврали соли 1959 таваллуд ёфта, аз 1 апрели соли 1987 умдатан дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии ВКД (УБНОН) фаъолият намуд ва як муддат сарварии онро низ бар дӯш дошт.

"Генерал – майор Алихон Раҳмонзода яке аз чеҳраҳои мӯътабари милисаи тоҷик буд, ки тамоми умри худро сарфи хидмат ба мардум ва ватан кард. Ӯ ҳамеша дар ёду хотираи ҳамсафон ва шогирдонаш зинда хоҳад монд”, - гуфтанд дар маркази матбуоти ВКД – и Тоҷикистон.

Сипас, сардори Раёсати корҳои ислоҳӣ ва муовини вазир корҳои дохилӣ, замоне низ сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия буд. Ӯ дигарбора аз вазорати адлия ба вазорати корҳои дохилӣ баргашта, як муддат дар вазифаи муовини вазир, сипас фармондеҳи Баталёни фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502, командири Баталёни 1 фаврии таъиноти махсуси қӯшунҳои дохилии ВКД, сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и вазорат кор кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД