Гази моеъ арзон шуд
Нархи гази моеъ, ки вақтҳои охир хеле камчин шуда, қиматаш боло рафта буд, дубора арзон шуда истодааст. Як ҳафта қабл 1 литр гази моеъ 7 сомонию 50 дирам арзиш дошт, вале аз 7-уми январ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо нархи 7-сомонӣ фурӯхта мешавад.
Дар баъзе минтақаҳо арзиши газ то 6. 90 дирам поён рафтааст.
Пастшавии нархи гази моеъро ба зиёд шудани содироти газ аз Русия нисбат медиҳанд. Бо сабаби нисбат ба бензин арзонтар будани нархи газ солҳои охир бештари ронандагон аз гази моеъ истифода мебаранд. Ба Тоҷикистон гази моеъ асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.