Sebiston new 2024 october
Гаштаки ҷӯраҳо бо куштор анҷом ёфт
732


Дар шаҳри Исфара моҳҳои сентябр ва октябр моҳҳои хунин буданд. Моҳи сентябр байни ду ҳамсоя-тоҷику қирғиз низоъ ва хунрезии зиёд шуда бошад, дар моҳи октябр байни ду ҳамсинф хунрезӣ сар зада, дар натиҷа яке ба гӯристону дигарӣ ба зиндон рафт.

Бино ба гузориши котиби матбуотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ рӯзи 6-уми октябр ба истилоҳ-шиштаки саҳроии ду ҳамсинфи солхӯрда, ки ҳарду ҳам май нӯшида, мастбудаанд, ба ҷанҷол ва таънаю куштор анҷомидааст. Ин ду мард сокинони ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара буда яке 55 солаю дуюми 56 сола будаанд. Тавре Шарифӣ дар гузоришаш мегӯяд:

“Санаи 6-уми октябр Орифҷон Мамадҷонов (соли таваллудаш 1966) ва Абдулҳафиз Маллаев (соли таваллудаш.1965)дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии Заркӯҳи ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара шиштак ташкил карда бо худ машруботи спиртӣ мебаранд. Дар аввал ин ду ҳамсинф бо хушҳолӣ майнушӣ карда бошанд ҳам, баъд зери таъсири арақ ба беҳудагую сар мекунанд. Тавре гумонбари ҷинояти куштор-Орифҷон Мамадҷонов нишондод додааст, дӯсту ҳамсинфаш Абдулҳафиз Маллаев зери таъсири машруботи спиртӣ бефарзандии ӯро таъна карда гуфтааст: “Ту ҳам гаштӣ-дия ҳамин қадар сол боз бефарзанд...”

Аз рӯи нақли Мамадҷонов дар аввал ин гап ба дилаш сахт расида бошад ҳам кушиши зарар расонидан ба марҳумро накардааст. Байни онҳо танҳо ҷанги лафзӣ ба миён омадааст. Аммо Абдулҳафиз аз ҷояш хеста аз гулӯи ӯ дшта, оташи қаҳру ғазабашро даҳчанд гардонидааст. Орифҷон Мамадҷонов ҳодисаро нақл карда, чунин мегӯяд:

“Ба гапаш базур тоқат карда истода будам, вале вай худаш аввал ба ман даст бардошт. Баъд ӯро куштам”...
Дар таҷриба муноқишаҳое, ки бо марг анҷом ёфтаанд, кам нестанд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳодисаҳои дар ҳолати мастӣ даст ба ҷиноят задан ё сабабгори садамаҳои нақлиётӣ гаштан дар кишвари мо рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Таассуфовараш он аст, ки дар аксар маврид чунин фоҷиаҳои хунин байни аҳли оила, хешу табор, зану шавҳар ё наздикону ҳамсинфон рух медиҳад...

Айни замон нисбати Орифҷон Мамадҷонов тибқи моддаи 104-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД