Oila Navruz
Гар бимирам дар ғарибӣ Тоҷикистонам баред!
01.05.2020
Оила
6454

Инсон мавҷудест аҷибу пешгӯинашаванда. Ҳеҷ гоҳ фикр намекунад, ки дар як дақиқа ҳаёт ба куллӣ тағйир ёфта, ин дунёи рангину зебо берангу бемаъно гашта метавонад. Қаҳрамони мо ҳам аз ҷумлаи чунин нафарон аст. Ӯ тамоми умр медавид, мехост пешсаф бошад, вале вақте сироят ёфт ва дар мулки ғарибӣ гирифтори коронавирус шуда, дар сарҳади маргу зиндагӣ қарор гирифт, фақат як орзу намуд, дар хоки Ватан ҷон ба ҷонофарин супорад…

Ишқи марди амрикоӣ

Сайёра аз хурдӣ духтари шӯху чолок буд. Бештар бо бачаҳо бозӣ мекард ва ҳалқаи духтаронро хуш надошт. Ҳамин хислат ӯро зимни мактабхониву таҳсил дар донишгоҳ низ ҳамроҳ буд. Ӯ замони зиндагӣ кардан дар деҳа ҳезум лозим шавад, табар гирифта, ҳезумчинӣ, алаф лозим шавад, дост гирифта дарав мерафт. Бо вуҷуди ин, босавод буду пешсаф. Ҳамин тавр, баъди хатми мактаб ба Душанбе омад ва дар факултаи забони англисӣ таҳсил кард.

Дар солҳои 90-ум, замони нооромии Тоҷикистон барои духтарон таҳсил кардан осон набуд. Таҳдиди силоҳбадастон, таҷовуз ба номуси духтарон ҳар рӯз мушоҳида мешуд, вале бо вуҷуди ин, Сайёра аъло мехонд ва забони англисиро зуд аз бар намуд. Ҳамон солҳо намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон зуд-зуд меомаданд ва барои онҳо донандагони забони англисӣ чун боду ҳаво зарур буд. Дар яке аз чунин озмунҳо Сайёра аз имтиҳон гузашта, ба кори ширкати хориҷӣ пайваст. Роҳбари ин лоиҳа ҷавонмарди 26- солаи амрикоӣ Ҷеф Ҷозеф буд.

Аз рӯзҳои нахустин байни Ҷеф ва Сайёра муҳаббат пайдо шуд. Ба ин ҷавони амрикоӣ шарму ҳаё ва нозу карашмаи духтари тоҷик писанд буд. Бештар ӯро бо эҳтиром муносибат кардани тоҷикдухтар ба ваҷд меовард. Ба Сайёра бошад, озоду якрӯ будани ин ҷавони амрикоӣ маъқул шуд. Ҳамин тавр, тақдир онҳоро ба ҳам оварда, Ҷефу Сайёра оиладор шуданд. Тӯйи онҳо дар Душанбе баргузор шуд.

Амрико шаҳри афсонаҳо

Баъд аз он ки Сайёраву Ҷеф оиладор шуданд, дере нагузашта шартномаи ширкати хориҷӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид ва онҳоро зарур омад, ки ба Амрико раванд. Сайёраро лозим буд, ки Амрикоро кашф кунад.

«Барои ман душвор буд, одат кардан ба муҳити Амрико. Ман аз Душанбеи кӯчак яку якбора ба Ню-Йорк омадам, ки мо бо шӯхӣ онро шаҳри афсонаҳо, пойтахти дунё мегӯем. Дар ин шаҳр муҳим нест, ки ту кистӣ, куҷоӣ ҳастӣ, чӣ мепӯшӣ, бо кӣ зиндагӣ мекунӣ… Муҳим он аст, ки ту кор кунӣ. Агар кор накунӣ, тамом! Дар кӯча мемонӣ, гурусна ва бараҳна»- мегӯяд, Сайёра, зимни суҳбат.

Суҳбати мо бо ӯ тариқи Мессенҷер доир мешавад. Ман чеҳраи хаставу абгори ӯро мебинам, вале ӯ механдад, муҳим ки зинда мондааст.

«Ҳамин тавр, тамоми умр кор кардам, бо шавҳарам хона харидем, соҳиби се фарзанд шудем ва зиндагиамон ба маҷрои худ даромад вале…»,- рӯзҳои шумро ба ёдаш меорад Сайёра.

«Вале, коронавирус дунёро пеши чашмам торик кард, зиндагиро бемаъно намуд, гӯё то имрӯз вуҷуд надоштам» - гиря гулӯгираш мекунад.

Сироятёбӣ аз коронавирус

«Чӣ тавр шумо ба коронавирус сироят ёфтед?» - суол мекунам аз Сайёра.

«Ман солҳои охир дар Ню-Йорк салон дорам, толори ороиш. Гарчанде коргар дорам, вале худам ҳам кор мекунам, зеро бекор истода наметавонам. Ҳамарӯза ба салони мо даҳҳо нафар меоянд, гумон мекунам аз нафаре сироят ёфтам»-посух медиҳад, ӯ.

Баъд аз он ки гирифтори коронавирус буданашро Сайёра фаҳмид, дунё дар назараш тангу тор шуд. Ӯро зуд ба беморхона интиқол доданд ва баробари ӯ шавҳару фарзандонаш ва тамоми кормандони салонашро.

«Ин даҳшат буд, - гиря гулӯгираш мекунад, - ман дар шуъбаи эҳёгарӣ, шавҳарам дар бемористони сироятӣ, фарзандонамон дар бемористонҳои дигар, кормандон дар ҷойҳои дигар карантин шуданд…. Худоҷон, ин даҳшат аст, вақте одам медонад, ки сабабгори ҳамаи ин ташвишҳо аст»

Дар панҷаи марг

Фишурдаи суҳбати мову Сайёра:

-Чӣ тавр фаҳмидед, ки гирифтори коронавирус шудаед?

-Тасаввур намекардам. Аввал зукоми оддӣ шудам, биниам махкам шуд, сулфа мекардам, таби баланд доштам. Рӯзҳои аввал ба худтабобаткунӣ шурӯъ карда, ба корам давом медодам. Доруҳо чанд лаҳза таъсир карда, маро хурсанд мекарданд, вале боз бемориам авҷ мегирифт. Дар ин вақт шавҳарам дар дигар штат буд, вақте баргашт, исрор кард, ки ба беморхона равам. Вақте ба назди табиб рафтаму ӯ маро рентген кард, ба ташвиш афтод. Зуд маро ташхис карданд… Натиҷаи ташхис маро лаҳзае моту мабҳут намуд. Коронавирус! Духтур аз ман пурсид, ки бо кӣ зиндагӣ мекунам, рӯзҳои охир бо кӣ алоқа доштам. Ҳамаро гуфтам, ӯ зуд телефон карда, хабар дод, ки ҳамаи шахсони атрофи маро ба карантин гиранд…

-Ҳоли худи шумо чӣ тавр буд?

-Аҳвалам аввал вазнин набуд. Вале чун бистарӣ шудам ва аввалин табобатҳоро гирифтам, ҳолатам рӯз аз рӯз бад мешуд. Дар қафаси синаам дарди вазнин пайдо шуд, нафас гирифта наметавонистам. Бо зарби доруҳо табам баланду паст мешуду арақ мекардам… болишту кӯрпаҳо тар мешуданд, аз арақи ман… Вақте фаҳмидам, ки шавҳару фарзандонам ҳам дар карантин ҳастанд ва шавҳарам ҳам бемор шудааст, дигар ҳолати руҳиям бад шуд.

-Эҳсоси аз ҳама бад ҳангоми коронавирус чист?

-Эҳсоси танҳоӣ. Медонӣ, ки агар бимирӣ ҳам, ба назди ту касеро даромадан намемонанд… Ё наздикони ту дар дигар ҳуҷра мемиранд, вале ту рафта наметавонӣ. Мардон коронавирусро назар ба занҳо вазнинтар пушти сар мекунанд. Ҷеф ҳатто қувват надошт, ки бе телефон ҷавоб диҳад… ман 6 рӯз бо ӯ ҳарф назадаам.

-Кӯдакон чӣ ҳол доштанд?

-Фарзандони ман, бо ман дар тамос буданд. Гарчанде ба рӯяшон дар видео механдидам, вале аз дилам хун мегузашт. Агар мо бимирем, онҳо куҷо мераванд? Чӣ кор мекунанд? Бемуттако мешаванд…

- Дараҷаи аз ҳама баланди коронавирус чӣ тавр сипарӣ мешавад?

-Пневмания одамро беқувват мекунад, инсон наметавонад нафас бигирад, ҳатто бо дастгоҳи сунъии нафаскашӣ. Бинобар ин, табибон маҷбур мешаванд, ки беморро ба кома фиристанд. Ман ду рӯз дар кома будам… Чизе дар ёдам нест…

Дар ҳасрати Ватан

Вақте бо Сайёра суҳбат мекардем, ӯ лаҳзаҳои ҳузнангезеро аз бемории худ нақл мекард, ки кас тасаввур карда наметавонад. Барои мисол ӯ мегуфт, ки дар бемористони онҳо пирамарди сарватманде бистарӣ шуд. Табибон ба ӯ гуфтанд, ки дигар умеде барои зинда монданаш нест. Ӯ хоҳиш мекунад, ки барои охирин бор фарзандонашро бубинад, вале касе аз наздиконаш розӣ намешаванд, ки ба дидорбинии пирамард оянд.

«Тасаввур кунед, бо вуҷуди он ки бемористон ба таври истисно розӣ шуд, вале писараш барои хайрухуш ба назди падараш наомад. Коронавирус инсонҳоро бо ҳамин васила аз ҳам ҷудо кард. Ман ҳам метарсидам, метарсидам, ки дар танҳоӣ бимирам. Шавҳарам дар бемористон. Ҳукумат тобути маро ба қабристони умумӣ мебарад»-мегӯяд, Сайёра бо гиря.

-Вақте ки дар панҷаи марг будед, чӣ орзу доштед?

«Дар ҳасрати Ватан будам. Фақат аз Худо мехостам, ки як лаҳза умр диҳад, ки шавҳару фарзандонамро гирифта, ба Тоҷикистон равем ва дар ватанам бимирам. Мехоҳам дар ҷанозаи ман одами бисёр ширкат кунад, ду-се рӯз пушти дарамон фотеҳа оянд… Метарсидам, ки дар танҳоӣ, дар ғарибӣ ҷон медиҳам, ҷасадам бе ҷаноза хок мешавад»…

Тавсия ба ҳамватанон

Аз Сайёра, ки аллакай шифо ёфтааст, барои ҳамватанон тавсия мепурсам.

«Натарсед, ҳеҷ вақт натарсед. Медонед барои чӣ ман дер шифо ёфтам, барои он ки тарсидам ва зиёд фикр кардам… Ман дар 22 рӯз пурра шифо ёфтам. Ҳоло дар хона бо шавҳару фарзандон якҷояем. Дар ҳавличаамон сирпиёзу помидор шинонидем…»- бо табассум мегӯяд Сайёра ба қиммат шудани нархи сирпиёз ишора карда.

«Воҳима накунед, воҳима инсонро мекушад. Коронавирус мисли зуком аст, вале каме вазнинтар. Вақте одам бақуввату солим бошад, онро сари по пушти сар мекунад, вале инсон иммунитети суст дошта бошад, каме азият мекашад. Бинобар ин, кӯшиш кунед, ки иммунитетатон баланд бошад, чизҳои ғизодор хӯред»-тавсияи дуввуми Сайёра ба ҳамватанон чунин аст.

«Аз ҳама муҳим эҳтиёт кунед! Тозагиро риоя намоед. Ба ҷойҳои серодам наравед. Аз маъракаҳо канора ҷӯед. Ба Худо паноҳ баред, аз ӯ талаби шифо ва дафъи бало кунед»-хулоса мекунад Сайёра.

Имрӯз ҳамватани мо Сайёра коронавирусро ғалаба кард. Феълан хуни ӯ хусусияти шифобахшӣ дорад, акнун вай барои муолиҷаи беморон хун месупорад.

Хонандагони азиз, шумо ҳам эҳтиёт бошед. Бахусус занҳо, ки маъракагардиву ифторравӣ ва суҳбатҳои умумиву бӯсу канори ҳамдигарро дӯст медоред. Хушбахтона, дар кишвари мо коронавирус нест. Худо кунад, ки ин вабо дарвозаи моро накӯбад. Вале ин маънои онро надорад, ки эҳтиёт нашавем. Як муддат аз ҳамдигар канора ҷӯед, дар хона нишинед, беҳуда кӯча набароед. Иншоолоҳ он рӯз дур нест, ки ҷаҳон ба коронавирус ғалаба карда, ба ҳамдигар оғӯш мекушояд. Дар ин шабу рӯз фақат «Оила» ҳамрозу ҳамсуҳбати шумост, бонувони азиз!
Бознашр аз ҳафтаномаи "Оила"

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД