Журналисти шинохтаи тоҷик Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки ахиран ному насаби худро ба Зардушти Ориёмеҳр табдил дода буд, эълон кардааст, ки бо хоҳиши худ аз вазифаи директори китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ рафт.
Ба гуфти худи Зардушти Ориёмеҳр имрӯз, 6- март раиси шаҳри Душанбе ба аризаи рафтанаш аз мақоми мудири китобхонаи шаҳрии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ имзо гузоштааст.
Ориёмеҳр мехоҳад ҷамъияти пайравони Зардуштро дар Тоҷикистон барқарор созад ва дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, ки рафтани ӯ аз вазифаи мудири китобхонаи Лоҳутӣ ба иваз кардани динаш ягон алоқамандӣ надошта, барои аз ин вазифа рафтан кайҳо ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат карда буд.
“Таъхири бо хоҳиши худам аз вазифаи мудири китобхонаи Лоҳутӣ рафтанам баъзе душманонамро нигарон карда буд, вале билохира рафтам. Гапи мард якто!” – навиштааст Зардушти Ориёмеҳр.
Ҳанӯз маълум нест, ки ба ҷойи ӯ дар китобхонаи Лоҳутӣ киро роҳбар таъин мекунанд.