sebiston july new
Гап дигару кор дигар!
5726

 

Абдураҳмон Раҳмонов, рӯзномангори тоҷик ва фаъоли шабкаҳои иҷтимоӣ дар саҳифаи худ муроҷиатномаеро бо номи "Ба Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири нави тандурустии Тоҷикистон" нашр карда, дар он аз ройгон набудани табобати бемории коронавирус дар беморхонаи Қарияи Болои кишвар шикоят кардааст.

"Муҳтарам вазир дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар" мегӯяд, ки табобати гирифторони бемории куруно дар ҷумҳурӣ ройгон аст, ба ҷузь дорувориҳои камчин. Муҳтарам вазир, гапро ба дарозо намекашам, чаро ки гирифтори бемории илтиҳоби шуши дутарафа гаштаам, ки додари Ковид - 19 аст.

Баьди рухсат аз беморхона бемадориро ҳанӯз дар худ ҳис мекунам. Ройгон нест, ягон намуди доруворӣ!!! Ман дар беморхонаи машҳур бо номи "Қараболо " дар корпуси 4, ошёнаи 1, шуьбаи шикастабандӣ табобат гирифтам. Ҳатто дар қабулгоҳ барои "история болезни" пур кардан пул гирифтанд - 10 сомонӣ! Аз спирт то пахтаро мехаред. Ба "бахт" - и мардуми бемор бозори доруфурӯшон гул кардааст.

Нархи доруҳо хело гарон аст. Бо як - ду рейди сарсарӣ кори "хирс" тамом намешавад. Барои сиҳатиам 4, 5 - 5 ҳазор сомонӣ сарф шуд! Шукр, ки шифо ёфтам. Ин муҳим аст. Инсон азоби руҳӣ мекашад, вақте дар амал дигар корро мебинаду дар сухан дигар гапро мешунавад. Танхо палата ва кат бепул аст!”

Ҳарчанд мақомот таъкид мекунанд, ки табобати гирифторони беморӣ ройгон аст, аксарияти беморон мегӯянд, ки аз ҳисоби худ табобат мешаванд. Гуруҳи хурде мегӯянд, ки қисман ба онҳо табобати бепул пешниҳод шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳибаи ахираш бо нашрияи “СССР” гуфтааст, ки "тамоми таҳҷизот ва дорувории лозим барои муқовимат бо вирус ба андозаи зиёд дар анборҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавҷуд аст.

Ҳама он чи ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ истифода мешавад, дар мо вуҷуд дорад. Ман ҳамарӯза ба сардухтурҳои шаҳру навоҳӣ дастур медиҳам, ки мувофиқи талабот доруҳоро бигиранд ва ба бемороне, ки дар беморхона ё дар хона ҳастанд, бирасонанд”.

“Радиои Озодӣ” аз забони рӯзноманигор Холиқназар Ҷумъаев, ки табобати коронавирусро дар хона пушти сар кард, гуфт, ки “пизишкони оилавӣ ва ҳамшираҳо барои ба хона омадан ба далели надоштани либоси муҳофизатӣ, худдорӣ карданд”.

"Беморон маҷбур буданд барои дарёфти сӯзандору ва қатрадармонӣ ба беморхона бираванд, ки хатари иловагӣ барои худ ва атрофиён эҷод мекарданд", - гуфтааст рӯзноманигор дар суҳбат бо ин расона.

Ахиран, баъди ин ҳама сару садоҳо фармони Президенти кишвар оид ба “табобат ва нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандони аз СOVID-19 сироятёфта ба таври ройгон” содир шуд.

Дар асоси ин фармон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки аз бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад.

Тибқи фармони мазкур, аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад.

Ҳамзамон, то хуб шудани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт карда шавад.

Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ дода буд, ки барои таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои худмуҳофизатӣ алайҳи мубориза бо бемории мазкур зиёда аз 45 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар ташкилотҳо ҷудо карда шудааст.

Акнун баъди содири ин фармон вазъ чӣ гуна мешуда бошад? Вақт нишон медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД