new banner new years
ГАНДАМОДАР
13.06.2020
Дилошӯб
2931

     Писари талбидагӢ 

Азиза ва Самад бо ишқу муҳаббати бузург издивоҷ намуданд, вале худованд дар тӯли чордаҳ соли зиндагӣ ба онҳо фарзанд надод. Падару модар ва хешу табор ба зану шавҳар дар алоҳидагӣ борҳо талқин карданд, ки ҷудо шуда, бахташонро дубора ҷӯянд, шояд нахли умрашон бор меорад, вале ҷавонон маслиҳат кардагӣ барин, ҳамеша як хел ҷавоб медоданд: “Худованд касеро навмед намекунад, мо ҳам ягон рӯз соҳиби фарзанд мешудагистем!”

Шояд ба офаридгор ҳамин боварии қавии зану шавҳар хуш омад, ки билохира нахли умри Азиза боровар гашт ва пас аз нуҳ моҳу нуҳ рӯз писарчаи зебое таваллуд кард. Зану шавҳари солҳо дар ҳасрати фарзанд сӯхта тифлаки деринтизорашонро Бахтовар ном ниҳоданд, то дар даврони пирӣ барояшон бахту саодат оварад. Акнун Азизаю Самад хушбахтии умри худро танҳо дар писараки ягонаашон медиданд ва намегузоштанд, ки ба пойи Бахтоварашон хоре халад.

Дар ҷустуҷӯйи арӯс

Солҳо турнасон гузаштанду Бахтовар ба камол расида, ба қавли мӯйсафедон йигити чор кас медидагӣ шуда монд. Падари мансабдору модари профессораш барои писари ягонаашон аз оилаҳои воломақом арӯс мекофтанд, вале дар ҳамон рӯзҳо ишқ мисли гулхан якбора дар қалби ҷавон аланга зада, нақшаю нияти волидонро барбод дод.

Асири чашмони фаттон

Як рӯз ҳангоми бозгашт аз дарс Бахтовар ба мағозаи хӯрокворӣ даромада хост об харад, вале чашмаш ба чашмони фаттони духтараки фурӯшанда афтиду лаҳзае дар ҷояш шах шуда монд. Чашмони зебои духтар дилашро ба якборагӣ рабуда, ҷавонро волаю шайдо намуданд. Акнун Бахтовар ҳар рӯз ба ҳар баҳона ба мағоза даромада бо соҳиби чашмони афсунгар, ки Гулзор ном дошт, ҳамгап мешуд ва дилаш аз дидори фариштаи орзуҳояш каме таскин ёфта бо хотири ҷамъ ба хонаашон мерафт.

Муаммои сарбаста

Қариб шаш моҳ Бахтовар Гулзорро озмуд ва ба духтари боақлу покдомон буданаш боварӣ ҳосил карда, қарор дод, ки ҳамин зебосанамро ба занӣ мегирад. Бо ҳамин мақсад як бегоҳирӯзи вай аз кор баромадани духтарро дар наздикии мағоза интизор шуд ва вақте ки азизи дилаш аз коргоҳаш бадар шуд, боодобона салом дода, арзи матлаб намуд. Гулзор ишқи ҷавони зебою ба қавли ҳамкораш холаи Барфӣ “интилигент”-ро рад намуда, роҳашро идома доданӣ шуд, вале Бахтовар ҳайратзада садди роҳаш гашта пурсид:

-Гулзор, охир ту аз рӯзи аввал ширин табассум намуда, маро умедвор месохтӣ, акнун чаро муҳаббатамро рад мекунӣ? Магар ягон ҷавони дӯстдошта дорӣ?

-Дӯстдошта надорам, вале туро ҳам умедвор накардаам. Муҳаббататро барои он қабул накардаам, ки ман ба ту арзанда нестам,-бо сари хам пичиррос зад духтар ва осемасар рӯяшро гардонда рафт.

Ҷавон дар байни роҳ лаҳзае чанд лолу ҳайрон монд, сипас бо дили ҳазин сӯйи хонаашон равон шуд. Раҳораҳ танҳо як андеша дар майнааш чарх мезад: “Чаро Гулзор мегӯяд, ки ман зеби ту надорам?!”

Рози дил

Бахтовар зуд-зуд ба соат нигариста, бесаброна ба поён расидани рӯзи кории Гулзорро интизорӣ мекашид. Ниҳоят ақрабаки соат ба панҷ наздик шуд ва ҷавон бо баҳонае аз хонаашон баромада ҷониби мағоза равон шуд. Вақте ки вай ба назди мағоза расид, холаи Барфӣ аллакай дарро маҳкам карда бо Гулзор хайру хуш мекард. Ҷавон медонист, ки то хонаи духтар роҳ чандон дур нест ва Гулзор пиёда меравад, бинобар ин фурсат поид ва вақте ки холаи Барфӣ ба мошин нишаста рафт, назди Гулзор рафта салом дод. Духтар ба саломаш бо табассуми ширин ҷавоб гардонд. Ҷавон аз ин шердил шуда, гуфт:

-Бемалол бошад, шуморо то хонаатон гусел мекардам?

Духтар бо аломати ризо сар ҷумбонд ва ҳарду ҳамроҳ кӯчаҳои шаҳрро сайркунон ба сӯйи манзили Гулзор равон шуданд. Раҳораҳ Бахтовар ба Гулзор дар бораи шаш моҳ аз пасаш поида гаштанаш нақл карда, хоҳиш намуд, ки сабаби ба вай ҷавоби рад доданашро шарҳ диҳад. Ваљоҳати бисёр ҷиддии ҷавонро дида, духтар оҳи сарде кашиду гуфт:

-Бахтоварҷон, ман мехоҳам дар бораи оилаи шумо каме маълумот дошта бошам!

Аз Бахтоварҷон гуфтани духтар, дили ҷавон дар сина ширин-ширин тапид.

-Ман дар оила писари ягонаам. Падарам сарвари ширкати тиҷоратӣ, модарам олимаи иқтисодшинос, профессор, худам донишҷӯи бахши ҳуқуқшиносии донишгоҳ ҳастам,-қисса кард ҷавон ва нимшӯхию нимҷиддӣ афзуд,-Даъвогарон ба “маснади” арӯси хонаводаи Азизовҳо шудан кам набуданд, вале ягонтоашон ба ман писанд наомаданд. Туро дидан баробар худ ба худ ба дилам гуфтам: “ Ана фариштае, ки то кунун ҷустуҷӯяш мекардам!”

Гулзор бо сари хам суханҳои ҷавонро то охир гӯш кард, баъд дар тӯли чанд моҳи шиносоияшон бори аввал рост ба чашмони Бахтовар нигариста гуфт:

-Акнун ҳақиқати талхи зиндагии маро шунав. Маро модарам дар синни чордаҳсолагияш ба дунё овардааст. Падарам кист, намедонад, чунки дар як вақт бо чор ҷавон хуфту хез мекардааст. Волидонаш ҳомиладор шуданашро фаҳмида аз вай рӯй мегардонанд ва модарам шармандавор ба шаҳр меояд. Таня-хола ном пиразани танҳои рус сарнавишти талхашро шунида ӯро ба хонааш роҳ медиҳад. Пиразан бемор будаасту модарам барояш як хизматгори беминнат мешавад. Бо маслиҳати Таня-хола модарам, ки он вақтҳо ҷавонзани бисёр соҳибҷамол буд, бо мардони сарватманд алоқа карда, зиндагии ҳарсеямонро пеш мебурдааст. Таня-хола чанд сол пас фавтиду хонаи сеҳуҷрагии муҷаҳҳазаш ба мо мерос монд. Ман аз хурдӣ то ҳол аз чизе танқисӣ накашидаам, дар беҳтарин мактаб мехондам, беҳтарин либосҳоро мепӯшидам, беодоб набудам, вале номам ҳамеша бад буд. Ҳамсояҳо дар ғайбам, баъзан дар рӯям ҳам мегуфтанд, ки модараш фоҳиша аст. Модарам зани сабукпо аст, вале ҳеҷ гоҳ маро ба ин кор маҷбур накардааст. Кӯшиш мекунад, ки ман аз кирдораш бехабар бошам, вале дарвозаҳои шаҳрро баста мешаваду даҳони мардумро не. Бахтовар ҳеҷ гумон надошт, ки Гулзор барин духтараки фариштарӯ аз домани фоҳишае рӯида бошад, аз ин рӯ саргаранг шуда монд ва чизе нагуфта ӯро то наздикии хонаашон гусел кард.

“Муфаттиш”-и худӣ

Ҷавон се рӯз ба дидори Гулзор нарафта барои аниқ кардани кӣ будани модари духтар тадқиқот гузаронд. Як бегоҳ дари хонаи ҳамсояи рӯ ба рӯи духтарро зад ва лаҳзае пас зани зиёинамои 50-55 солае дар остона пайдо шуда пурсид:

-Ба шумо кї даркор?

-Холаҷон, ман як хоҳиш дорам, агар мумкин бошад дароям,-хоҳиш кард Бахтовар.

Зан аз хирагии меҳмон ҳайрон шуда бошад ҳам, чун таомули тоҷикона ӯро ба хона хонд ва дар роҳрав ба рӯяш саволомез нигарист.

-Ман ба духтари ҳамсояи шумо Гулзор ошиқ шудаам, вале вай мегӯяд, ки модараш бероҳа аст. Мехоҳам дар кушодани ҳамин чигил ба ман ёрӣ расонед,-якбора шафтолуи гапро гуфта монд Бахтовар.

Зан каме асабӣ шуда бошад ҳам, ваҷоҳати ҷиддии ҷавонро дида ӯро ба меҳмонхона дароварду финҷони қаҳваро наздаш гузошта гуфт:

-Писарам, аслан ҳамсояро бад намегӯянд. Ман ба Гулзор дар гимназия ҳашт сол дарс додаам, духтари хубу баодобу босавод аст, аммо дар ҳаққи модараш мардум ҳар хел суханҳои носазо мегӯянд. Қасам ба тамоми муқаддасоти рӯи олам, ки ман ҳеҷ гоҳ Роҳила, модари Гулзорро бо ягон мард надидаам. Ҳамеша тозаю озода мегардад, зани дилсӯзу меҳрубон аст, вале гоҳ-гоҳ як-ду моҳ бедарак мешаваду Гулзор мегӯяд, ки ба Хитой ё Русия рафтааст, дигар ҳеҷ. Баъзе ҳамсояҳо аз ӯ ҳазар карда, мегӯянд, ки аз давраҳои ҳамроҳи Таня-хола зистанаш фоҳишагӣ мекард. Дигарашро намедонам… Бахтовар бо ин зани хайрхоҳ хайру хуш карда, як моҳи дигар аз ҳамсинфону атрофиёни Гулзор дар бораи модари ӯ маълумот ҷамъ кард, ҳама медонистанд, ки Роҳила зани сабукпост, вале Гулзорро таъриф мекарданд.

Як моҳ Бахтовар ба дӯкон наздик нашуд ва Гулзор хаёл кард, ки ҷавон аз саргузашти ӯ огаҳ шуда, дигар намеояд, вале…

Қарори қатъӣ

Як шоми сарди зимистонӣ Гулзор нав бо холаи Барфӣ хайрухуш карда ба роҳ даромада буд, ки Бахтовар пайдо шуд ва ӯро гусел карда, раҳораҳ гуфт:

-Гулзор, ман як моҳ дар бораи ту ва модарат маълумоти бисёре ҷамъ кардам. Ҳама модаратро сабукпо мегӯянд, вале касе ӯро бо ягон мард надидааст. Туро таъриф мекунанд. Ҳарчанд кӯшиш кардам, туро фаромӯш карда натавонистам. Бароям ту аз ҳама чиз азизтарӣ, бинобар ин, агар розӣ шавӣ, туро ба занӣ гирифта, аз ин бадномиҳо халос мекунам.

-Бахтоварҷон, ман розӣ, аммо волидони ту розӣ мешуда бошанд?-Ҳайратзада посух дод духтарак.

-Инаш кори ман,-ваъда дод Бахтовар ва Гулзорро то наздикии хонаашон гусел карда, баргашт.

(ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 17 ИНТИЗОР БОШЕД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД