Formula novemver 2024
Гамлети тоҷик ид дорад
472

Роҷеъ ба фаъолият, зиндагӣ, асару намоишҳои ин абармарди фарҳангу ҳунар борҳо гуфтаанду мо ҳам тариқи симову садо, шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо шунидаему медонем. Дар ин маврид ҳатто телевизионҳои кишварҳои дигар барномаву намоишҳои ҷолиб омодаву манзур доштаанд. Ӯ имрӯз ҷашн дорад.

Ҳарчанд муҳаққиқон дар хусуси ин шахсияти камназир ва саҳми ӯ дар ҷодаи фарҳанги тоҷик, хоса театру кино, ҳамчунин аз шуҳрати оламгири ӯ, симои зебои тоҷиконааш, таҳамтанӣ, бебокӣ ва далериаш навиштанд, дар ин бора ҳанӯз гуфтаниҳо зиёди зиёд аст. Ӯ Ҳошим Гадо фидоӣ аст, фидоии санъати театр.

Дар филми «Рустам ва Суҳроб» ӯро як корд задаанд, аммо дар зиндагӣ захми садҳо ханҷари дигарро дар рӯҳу ҷонаш эҳсос намуда. Бо ин ҳама боз ҳам аз нақшофарӣ мегӯяду аз театр. Ҳунараш кайҳо эътироф шудаву дӯстдорони зиёд дорад.

Ҳамроҳи дӯстам Ҷумъахони Сайидалӣ ҷониби манзили устод Ҳошим Гадо роҳ пеш гирифтем. Дар ошёнаи даҳум Ҷумъахон зангӯлаи дареро пахш кард. Воқеан, дари хона боз буд.

- Дароеду каме дар даҳлез сабр кунед,- шунида шуд садои ӯ.

Манзили одиву хоксоронае. Дар ин хона аз соли 1980 ба ин сӯ зиндагӣ мекунад. Дару роҳраву тирезаву ҷиҳози ошхона ҳама аз ҳамон давронанд.

- Дар 86-солагӣ аз ҷой бархестану либос ба бар кардан хуб давлатест,- гуфта аз дар ворид шуд устод Ҳошим Гадо ва чун дарк намуд, ки аз аҳли эҷодем, нимшӯхиву нимҷиддӣ ба акаи Ҷумъахон гуфт:

- Боз журналист овардӣ, ягон раиси бой наовардӣ? Бок не, чашмони ин журналист ҳам медурахшанд. Муҳим, ки бе савғо наомадед.

Дар оғози суҳбат устод аз ҳоли дӯсти дигараш Аббос, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пурсон шуда, гуфт:

- Аз Ҷумъахон ва Аббос миннатдорам, ки маро хабар мегиранд аз ҳолам мепурсанду танҳо намегузоранд.

- Ту ягон чиз менависӣ?- аз ман пурсид Ҳошим Гадо.

- Агар зид набошед, устод.

- Аввал ин ки нанавис, аммо агар нависӣ, хуб навис, ки туро хонанд. Мисли Сайёфи Мизроб ва Зафари Мирзоён навис.

- Дар вақташ ман ҳам ҷавон будаму баланду зебо. Ду метр қад доштам. Паҳлавон будам. Дар Ӯзбекистон шаш нафарро дар гӯштин ҳалол кардам, ки аз қаҳрамонҳои ӯзбек буданд. Ман ҳунарманди замони шӯравиам. Исроил, Амрико, Россия, Гурҷистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон ҳама маро медонанд. Сухани Буқрот аст, ки ба бемор бояд нагӯйӣ, ки ту мемурӣ. Дардам зиёд аст, ки ҷаҳонро месӯзонад. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода намоиши «Рӯдакӣ»-ро ба саҳна гузош­там. Дусад бор нақши Эдипро бозӣ кардам, се бор сактаи дил шудам. Шогирдони зиёд дорам. Маҳмадсаид Шоҳиён, шодравон Аловуддин Абдуллоев, Лутфулло Давлат шогирдони мананд.

Воқеан, имрӯз дар мамлакат касе нест, ки Ҳошим Гадоро нашиносад. Ҳама медонанд, ки устод на танҳо ҳунарманди асил, балки муаллифи қариб 600 китоб аст, ки ба забонҳои тоҷикиву русӣ нашр шудаанд. Ҳар касе, ки аз рӯзгори ӯ огаҳӣ дорад, бо мо розӣ хоҳад буд, ки Ҳошим Гадо муъҷиза аст, муъҷизаи кайҳонӣ.

Аммо имрӯз ин муъҷиза танҳо аз дардҳо сухан мегӯяд.

- Медонӣ, барои чӣ китоб менависам?- бо ҷиддият ба чашмони ман менигарад устод. — ­Фикр мекунам, ки аз некон сухан, кохи баланд бояд ёдгор монад. Ман дар китобҳоям аз ҳақиқат сухан мегӯям. Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дорам, 60 сол дар саҳна будам. Ҳоло ҳам метавонам нақши Суҳроб ё Эдипро офарам, аммо… Китобҳоро навиштам, ки дардам сабук шавад. Пас аз Муҳаммадҷон Қосимов Парчами давлатии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун ҳунарманд бо ҳунар ва зебоӣ ман барафрохтаам.

Дар Озорбойҷон чашмаеро бо номи ӯ гузош­танд. «Ҳошимбулагӣ» ном дорад чашма, яъне «Чашмаи Ҳошим» ва ин далели муҳаббати озариҳо ба ӯ ва ҳунари ӯст.

Ман дар филме нақши шоҳи озариҳоро офарида будам. Дар баробари ин, дар яке аз саҳнаҳои филм бо тавоноии худ барзаговеро, ки 15 сантиметр пуштамро даронд, афтонда будам, ки ба озариҳо писанд омад. Пйесаи «Шаби гирифтани моҳ»-ро дар 45 мамлакат намоиш додем. Ман нақши девонаро доштам, ки бароям беҳтарин буд. Дар пйесаи Шамсӣ Қиём нақши одами бегапро бозидам.

Воқеан, бе сухан дар саҳна падид омадану ҳадафро ба бинанда расондан чандон кори саҳл нест. Шояд аз ин хотир баъзеҳо ин нақшро болотар аз фоҷиаи Эдип медонанд. Илова бар ин, дар филми «Дохунда», ки аз рӯйи асари устод Садриддин Айнӣ наворбардорӣ шудааст, нақши паҳлавонро бозидааст, ки ҳама олианд.

Устод Ҳошим Гадо мегӯяд, ки ӯ 10-уми майи соли 2022-юм 85-сола шуд. Вале аз он гиламанд аст, ки 85-солагиашро боргоҳҳое, ки кор кардаасту сарпарасти соҳаи ӯянд, ҷашн нагирифтанд.

Баъди суҳбати тӯлонӣ бо мо, устод чанд лаҳза хомӯшӣ ихтиёр карданд, фаҳмидан душвор набуд, ки дар дил ногуфтаҳои зиёде доранд. Хостам гиреҳи ин ногуфтаҳоро боз кунем, вале натавонис­там. Вақте ба устод гуфтам, ки боз суол дорам, ӯ бо ҷиддияти ба худ хос посух дод:

- Дигар савол надеҳ, тамом, хуш омадед!

Абдурозиқи АЗИЗ,

рӯзноманигор

Бознашр аз Фейсбук

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД