Галстук мебандам ва гоҳо бо галстук ба намоз меравам, чун масҷид дар паҳлӯи коргоҳам аст. Дирӯз як марди калонсол гуфт, ки галстук бастан ҳаром аст. Оё ин дуруст аст?
Набиҷон, ш. Бохтар.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Мусулмон бояд дар намуди зоҳирӣ ва либоси худ аз ғайримусулмонон фарқ дошта бошад, зеро дастури Шариъат чунин аст. Ҳамчунин мусулмон набояд либосеро, ки махсуси кофирон аст, бипӯшад, аммо дар мавриди галстук бояд бигӯем, ки ҳеҷ боке надорад, иншоаллоҳ. Бояд диққат кард, ки галстук аз абрешими табиӣ набошад ва ё дар он салиб ё сурати махлуқҳои зинда набошад, зеро барои мард пӯшидани либоси абрешимӣ қатъиян манъ аст.