Амаки Ҳайдар “Мо як бор бо хешу табор маслиҳат карда бинем, баъд ҷавобашро ба шумоён мерасонем” гӯён, меҳмонҳоро гусел кард.
Тӯйи бе карнаю сурнай
Як ҳафта пас дӯстони Маъруф боз роҳи деҳаи “Гузари боло”-ро пеш гирифтанд, вале ин дафъа онҳоро падару модари Маъруф ҳамроҳӣ мекарданд. Дар хонаи арӯс меҳмонҳои олиқадрро бо эҳтироми хоса пешвоз гирифтанд. Дар рӯйи дастурхон ба ғайр аз шири мурғу ҷони одамизод дигар ҳама чиз буд, волидони Маҳбуба бошанд, бо забони ширинашон ба қавли кампиракон меҳмонҳоро мелесиданд. Меҳрубонию хушгуфтории қудоҳои нав ба волидони Маъруф хуш омад, хоса модараш, ки як бор шаттаи келини қишлоқиро хӯрда буд, худоро шукр мегуфт, ки ин дафъа тақдир писарашро бо одамони хуб ва ба қадри одам мерасидагӣ рӯ ба рӯ намудааст. Ба падари арӯс панҷ ҳазор доллар пул доданд, вале вай пулро нагирифта гуфт:
-Бахти духтарам барои ман аз ҳама чиз боло меистад. Ягон тин пули шумо ба мо лозим нест, ҳарчи аз дастамон биёяд, худамон мекунем. Хоҳишатон бошад, метавонед барои келину домод ягон ҷевон ё туҳфаи дигар харида дар хонаашон монед....
Қудоҳо тӯйи бодабдаба ва карру фари зиёдатиро нозарур донистанд. Ҳамин тавр як тӯяки хоксорона ороста, Маъруф бе карнаю сурнай ва ресторану харҷу хароҷоти зиёдатӣ арӯсашро ба хона овард.
Оташи рашк
Мањбуба аз рӯзи аввал фарзандони Маъруфро ҳамчун фарзанди худаш қабул карда, чунон хуб нигоҳубин мекард, ки ҳаққу ҳамсояҳо ангушти ҳайрат мегазиданд. Бачаҳои очадори бе очаи Маъруф, ки аз модари аслиашон Сарвиноз боре ҳам меҳрубонӣ надида буданд, ташнаи меҳру муҳаббати модарона буданд ва арӯсак тавонист ба зудӣ дар дили кӯчаки онҳо маъво бигирад. Кӯдакон бо муҳаббат ба оғӯши ҳамсари нави падарашон даромада Маҳбубаро “очаҷон” мегуфтанд. Хабари зангирии шавҳарашро шунида Сарвиноз аз оташи рашк қариб сӯхта хокистар шуда буд. Қавлу қарорашро фаромӯш карда, вай чанд маротиба ба хонаи хушдоманаш омад, то бо зӯрӣ зани нави Маъруфро аз хона берун карда, дубора бахташро соҳиб шавад, вале оби рехтаро дигар бардошта намешуд.
Шӯрангез
Ҷанг андохтани Маъруф бо арӯсаш бо ягон роҳ ба ӯ муяссар нагашт, чунки Маҳбуба бисёр духтараки оқила ва дурандеш буда, ба ҷангу ҷидол ва ҳиллаву найрангҳои палонҷаш хомӯшона ҷавоб мегуфт. Бо шӯрандозӣ ва ҷангу ҷидол ба мақсад расида натавониста, Сарвиноз роҳи дигарро пеш гирифт-вай ба суд ариза навишта, Маъруф ва занашро сиёҳ кард, ки гӯё бачаҳои ӯро мезананд, зулму ситам медиҳанд, аммо ин дафъа низ тираш хок хӯрд. Ҳаққу ҳамсояҳо ҳама бо як забон гувоҳӣ доданд, ки ҳамсари нави Маъруф-Маҳбуба нисбати бачаҳои ӯ бисёр меҳрубон аст ва намегузорад, ки ба пояшон хоре халад, бар замми ин, худи кӯдакон низ “очаҷон” гӯён ба моиндарашон часпида буданд...
Аз бало ҳазар
Сарвинози ҷоҳил ҳатто бо воситаи суду судбозӣ ба муродаш нарасида бошад ҳам, Маъруф қарор дод, ки минбаъд оилаашро аз ин зани бадтол дуртар нигоҳ медорад. Вай аз бало ҳазар гӯён, хонаро фурӯхт ва зану фарзандонашро гирифта ба Русия кӯч баст. Ҳоло онҳо дар яке аз шаҳрҳои калони Русия зиндагӣ мекунанд ва худоро шукр мегӯянд, ки ба бахту саодати ҳақиқӣ расиданд...