Formula novemver 2024
ГАДО НЕСТАМ, МАРДАК!
29.05.2021
Оила
3798


Ман дар оилаи серфарзанд ба воя расида бошам ҳам, эркаи падару модарам будам. Волидонам чор писару чор духтарро хононда, соҳиби маълумоти олӣ карданду баъд оиладор намуданд. Ману апаҳоям аз тарси чор бародари сахтгирамон ҷуръате надоштем, ки ҳатто бо ҳамкурсонамон паҳлӯ ба паҳлӯ қадам гузошта аз донишгоҳ берун шавем.

Падарам ба хотири канда нашудани риштаи хешу таборӣ ҳама духтарҳояшро ба писарони хешу табораш ба шавҳар дод. Вақте ба хонаи хеши падарам келин шуда омадам, гумон кардам, ки аз як сайёра ба сайёраи дигар афтидаам. Муҳити хонаводагии оилаи шавҳарам аз муҳити зиндагии мо аз замин то осмон фарқ дошт. Мо боре ҳам аз даҳони падару модарамон алфози қабеҳро нашунидаем, якдигарро ҳурмату эҳтиром мекунем. Ҳақорату дашном он тараф истад, дар хонаи мо касе ҳатто бо овози баланд гап намезад. Дар хонаи хусуру хушдоманам бошад, аз кӯдаки гаҳвора сар карда, то пири сарсафед ҳама бо дашному ҳақоратҳои болохонадор гап мезананд. Барои онҳо келин ба андозаи саг қадру қимат надорад. Аз рӯзи аввал шавҳару ҳеваронам падару бародаронамро дар назди ман дашном дода, гадо меноманд. Аҳли оилаи хушдоманам бо хонаву дари боҳашаматашон фахр карда, оилаи моро паст мезананд. Вақте ба апаи калониям дар ин бора гуфтам, маро ба сабру тоқат кардан талқин намуд, вале хомӯшии ман боиси аз худ рафтани шавҳарам гашт. Акнун вай бо баҳонаи он ки ҳамаи духтарони хондагӣ бо писарон ишқварзӣ мекунанд, маро фоҳиша меномад. Рӯяшро сиёҳ карда мегӯяд, ки як ҳамкурси маро мешинохтаасту гӯё он ҳамкурси собиқам дар бораи ман ба ӯ маълумот додааст, ҳол он ки тамоми ҳамкурсонам бо сабаби рафтори шоиста доштанам маро ҳурмату эҳтиром мекарданд. Айни замон ҳомиладорам, вале дар ин касофатхона дигар зистан намехоҳам. Падарам аз кори кардааш пушаймон шуда ихтиёри маро ба дасти худам супурдааст. Сари дуроҳаи тақдир ҳайрону зор мондаам. Аз як ҷиҳат намехоҳам фарзандам бе падар ба дунё биёяд, вале аз ҷиҳати дигар намехоҳам дар чунин муҳит зиндагӣ карда фарзанди бетарбия ба воя расонам.

Гулнора

Сулаймон: Гулнора, аз хонаи мо ноз кунӣ, кӯр мешавӣ!
Гулнора, ту бояд шукр кунӣ, ки модару апаҳоям маҳз туро хостгорӣ карда ба ман доданд. Дар 20 соли зиндагии хоксорона дар хонаи падарат ту чиро дида будӣ? На либоси дуруст доштиву на шикамат нони сериро медид. Каттагӣ карда бо забони дароз «падару модарам ҳамаамонро хононданд» мегӯӣ, хайр, чор акаат дар донишгоҳҳо таҳсил карда, чӣ шуданд? Аз ин моҳ ба ин моҳ бо маоши давлат зиндагӣ карда, базӯр нони даҳони фарзандонашонро меёбанд, то имрӯз ҳатто хонаи худро надоранд. Мо на мактаб хондему на донишгоҳ, вале бо тиҷорат машғул шуда, ҳамаамон соҳиби хонаву дари алоҳидаю мошинҳои зебои хориҷӣ шудем. Шукри худо аз чизе камӣ надорем. Гулнора, ту то имрӯз дар хонаи мо ҳатто нон напухтаӣ. Хӯроку нонро аз тарабхонаи шахсиямон меорем. Дар ҷойи ту духтари дигар мебуд, тоқиашро ба осмони ҳафтум партофта, ҳар рӯз ҳафт бор намози шукрона мехонд, ки ба чунин хонадони серу пур келин шудааст. Гулнора, агар аз хонаи мо ноз кунӣ, кӯр мешавӣ! Эркагиро дар хонаи падарат мекардӣ, акнун ту зани шавҳардор ҳастӣ, зиндагиро сахт қапида ҳар гапи дар хона мешударо бурда ба волидонат нарасон. Гумон кардӣ, ки фарзандатро таваллуд карда дар хонаи волидонат ҷой меёбӣ? Се янгаат дар як хонаи танг ҳоли зор доранду боз ту ба онҳо сарборӣ мешавӣ? Боварӣ дорам, ки баъди як моҳ худат дав-давон ба хона бармегардӣ. Бародаронатро фаришта мешуморӣ, вале он фариштаҳо аз зиндагии қашшоқонаашон ба дод омадаанд. Акаҳоят дар вақташ лаби домони очаҷонашонро қапида намешиштанд, шояд роҳашонро дар зиндагӣ меёфтанд. Ман намехоҳам фарзандонамро ба мисли бародарони ту нозгулак ба воя расонам. Мард бояд дар муҳити мардона ба воя расад. Беҳтараш ба хона баргарду нозу итобро бас кун!

Маслиҳати психолог

Дар ин ҷо пеш аз ҳама падару модари Гулнора гунаҳкоранд, зеро онҳо ба хотири хешу таборӣ духтарашонро ба ҷавоне додаанд, ки аз доираи одаму одамгарӣ дур аст. Маҳз бо хатогии волидон духтарони зиёди мо бадбахт гашта, дар чорроҳаи тақдир ҳайрон мемонанд. Гулнора барин духтараки босаводу бомаънӣ ҳеҷ гоҳ бе шавҳар намемонад, вале волидони кутоҳбин орзуву омолҳои ҷигарбандонашонро нодида гирифта, бахти фарзандонашонро месӯзанд. Акнун ки кор аз кор гузаштааст, хуб мебуд, ки шавҳари Гулнора бо пулу молаш фахр накарда, ақаллан ба хотири ба иззати нафси завҷааш нарасидан ба зиндагиву кори бародарони занаш кордор нашавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД