Зиндагии хушбахтона доштам, то вақте ки шавҳарам вафот кард. Пас аз марги падари хонадон бадбахтӣ паси бадбахтӣ ба сарамон омад. Аз бепулӣ ҳатто нон харида наметавонистем.
Ҳар рӯз аз ҳамсояҳо нон металбидам ва медонистам, ки дар ғайбам маро бесоҳибу почаканда мегӯянд. Пули мактаби писаронамро дода натавониста, маҷбур шудам, ки бечораҳоро аз хондан маҳрум намоям. Рӯз то рӯз ҳоламон бадтар мешуд. Билохира, тилловориҳоямро фурӯхтаму бачаҳоямро ба хонаи кӯдакон супорида, роҳи муҳоҷират ба Русияро пеш гирифтам. Гиряи зори фарзандонамро дида, дилам пора- пора мешуд, аммо ба ҷуз сафар илоҷи дигар надоштам. Муҳоҷир шуда, Русия омадаму дар хонаи як бойи рус хизматгор шудам. Пули хуб медод. Ду сол кор карда, ба Тоҷикистон баргаштам. Писаронам маро дида, аз шодӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Онҳоро бӯсаборон карда, ба хона овардам. Рӯзи дигар пайвандонамро хабар гирифтам. Хоҳарам пешниҳод кард, ки мағоза сохта, дар он ҷо кор кунам. Фикраш ба ман маъқул шуд ва дар маҳаллаи “Гулистон” мағоза харидам. Корам омад кард, мағозаи хӯроквории мо ягон лаҳза бе одам намемонд. Аз пули савдогарӣ зиндагиамро обод намудаму писаронамро ба мактаб мондам. Дигар ҳеҷ кас моро гадо намегӯяд. Раҳмат ба Русияву халқи рус, ки маро аз гадоӣ наҷот дода, дубора қоматамро рост намуд.
Раҳмонова Гулӣ