Arzon march 2024
Гадоӣ ҳам электронӣ шуд...
903

Дирӯз баъди хӯроки нисфирӯзӣ бо як кор аз корхона берун шудам. Дар истгоҳи Иттифоқи нависандагон тасодуфан назарам ба марде афтод, ки аз роҳгузарон кумак мепурсид. Вай бо садои бечораҳолона ба одамон муроҷиат карда мегуфт, ки барои кор ба шаҳр омадааст, вале кор наёфтаасту барои роҳпулӣ ё харидани як хотдог пул диҳанд.

Ҳамин лаҳза автобусе, ки интизораш будам, омад ва ман ба он савор шуда, аз пайи кори худ рафтам, вале ҳангоми бозгашт боз назарам ба ҳамон марди “дармонда” афтод, ки акнун ба тарафи муқобил гузашта, дар назди истгоҳи Баракат бо ҳамон усул аз мардум кумак мепурсид. Роҳгузарон ба қадри ҳиммат ва тавони худ ба ӯ ёрӣ мерасониданд ва ҳар кадом як миқдор пул медоданд, вале чашми марде, ки гӯё фақат барои як хотдог ё роҳкиро кумак мехост, ҳеҷ сер нашуда, ба гадоияш идома медод.

Ҳамин тавр ӯ талбандагикунон ҷониби клиникаи “Смайл” равон шуд. Азбаски ҷойи кори ман ҳам дар ҳамин бино аст, аз пасаш рафтам. Дар гӯшам гӯшмонак, мусиқӣ гӯш карда рафта истода будам, ки мард бо имову ишорат маро фарёд кард. Гӯшмонакро гирифта, пурсидам, ки чӣ мехоҳад. Дар ҷавоб мард ҳамон гапҳоеро зад, ки пеш аз ин ба даҳҳо нафари дигар гуфта буд. Гуфтам, ки айни замон дар ҷайбам пули нақд надорам ва наметавонам ба вай кумак кунам. Гадои замонавӣ зуд роҳи ҳалли масъаларо ёфта, гуфт: “Хайр дар картаам партоед, ҳам корти Душанбе сити ва ҳам Алиф дорам!”.

Суханони гадоро шунида, гиребони ҳайрат доштам. Дар Тоҷикистони мо имрӯз хизматрасонии рақамӣ ончунон рушд кардааст, ки ҳатто гадою талбандагон аз он бемалол истифода бурда, аз одамони дар ҷайбашон пули нақд надошта ба корташон пул гузаронданро талаб мекунанд. Ана инро пешравӣ мегӯянд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД